Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

— Ҳар рўз як гап мебурорӣ-а? Баддаҳон!
Духтар рўй тофта ба хона даромад. Писар тўб дар даст карахт шуда монд ва баъд дар дилаш «ба дастам меафтӣ» – гуфта, хеле интизор шуд, то духтар барояд. Хунук хўрд, фаромада, ба чодар даромад.
Аз беруни дар садои ба девор бархўрдани асо баромад. Баъд дари боғхона кушода шуда Чинӣ даромад. Ў рост ба чашмони шавҳараш нигарист. Баъд хашмаш боло гирифта халтаро ба сўи Худойқул андохт:
— Мана гир, мард нашуда равед, расми баровардаатон хушк шавад, аз ҳар дар ба ҷои садақа таъна ҷамъ мекунам...
— Девона шудӣ, занак? – оринҷи такя мондаашро бардошта дўғ зад мардак.
— Туро мепоям, гуфта, қасам ёд кардам, вале дигар дар ба дар намегардам...
— Маро напой, як ризқи ҳаромро худо медиҳад.
— Худо медиҳад - худо медиҳад. Поятро дароз карда шин, канӣ, худо қафо мекашад?! Ризқи мову ту дар поямон... Ин расмро кадом марди ту барин ландаҳур баровардааст, то зан мардро бонӣ кунад...
— Хайр, бонӣ накун!
— Акнун ту бонӣ мекунӣ?
Худойқул чизе нагуфта, парида хест ва аз паси дар асои Чиниро гирифта пуршаст баргашт ва «куҷоят мехорад?» гуфт ва бар пушти ў зад. Чинӣ аз тарс «ой-ой» гўён ба замин нишаст. Духтарак фарёд зад. Аз ошхона Мамараҷаб тохта омад. Умматқул тохта омада асоро аз дасти ў кашида гирифтанӣ шуда, маҳкам дошт.
Худойқул ўро тела дод, ба девор бархўрд, дигар ба ў аҳамият надода ба занаш рў овард:
— Болои сўхта – намакоб. Қанчиқ! Ба ту мерасаду ба ман не?
Аламата аз ман гир! Ман кардам? Ман гуфтам?! Ман рафта ба он бадмаст фармудам, ки...
Худойқул давоми суханашро нагуфта аз дар баромад. Чинӣ лаби оташ нишаста гирист. Духтар бозуи ўро оғўш карда, ҳиқ-ҳиқ дошт. Умматқул баромад, то ҳезуми харро фарорад...
Чинӣ дергоҳ сукут карда нишаст. Оби чашмаш хушк шуд. Худ аз худ бархост ва «Ба умеди мардҳо аз гушнагӣ мемурем» гуфта халтаю асояшро гирифта аз дар баромад. Ў медонист, ки соҳиби дарвозаи оҳанӣ усто Раҳими сартарош бемор хобидааст. Бинобар ин ба ҳавлии усто даромад:
— Паҳ-паҳ, аз ин ҳавлӣ бўи ҷоду меояд! – гуён дари хонаро кушод. Чинӣ кадбонуро пушти дар дида ба гап даромад: – Садқат бишам, дар ин хона беморе ҳаст?
— Мардак касал.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё