Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Аз ҳавлиат бўи ҷоду меояд. Бе душман набудаӣ. Ҷодугардон кардан лозим.
— Кӣ медонад, мо ин хел душман надоштем-ку!
— Кас бедушман намешавад. Ҳама вақт аз дўст дида душман зиёдтар аст... Хайр, биёр...
— Чӣ биёрам?
— Собун биёр, сўзани нав биёр, ҷорўби обнарасида биёр...
— Асбоби рўзгоратро аз ҳамин ҷо буд карданӣ ҳастӣ?
— Не, инту нагў, садқат бишам. Ман ба ту некӣ кардан мехоҳам. Канӣ, назди бемор равем... Вай-вайе, боз не, мегўяд-а!
Ҷоду, ҷоду кардагӣ...
Кадбону мот шуд. Он чӣ Чинӣ хост, муҳайё кард. Чинӣ як тора ҷорўб шикаста банди онро тоб дод ва сўзанро ба он халонда бар собун нишонд. Косаи обро наздиктар оварда ба гуфтор даромад.
Баъд дамаш дарун задагӣ барин панҷаҳояшро ба оби коса зада ба тораи ҷорўби тофтааш пошид. Ҷорўби хушк нам гирифта тобҳояш кушода шудан гирифт ва сўзан давр гашт.
— Ана, садқат бишам, ана, дидӣ, ҷон даровард, гашт, ҷодуяш гашт… дидам, дидам, ҷояшро дидам, дар он ҷо – дар зери остона, як чизи сафед, устухони одам барин, – гуфт Чинӣ ва боз як панҷа об зад. Тоби ҷорўб кушода шуд. Чинӣ ҳам аз гуфтор монд. Сўзан дигар давр нагашт. Баъд ў ба талаб даромад. Талаби ў ба дили соҳибхона зад.
— Ман аз куҷо донам, ки ин гапҳои ту рост аст ё дурўғ? – худро аз талаб халос карданӣ шуд соҳиба.
— Садқат бишам, ин ҷо биё, – бархост Чинӣ ва аз дасти ў гирифта, берун баровард ва зери дарвозахона бурд, – Нигоҳ кун.
– ҳам шуда аз зери остона пиёлаеро аз даруни хок бардошт, – нагуфтам, чизи сафед, устухон барин.
Чинӣ пиёларо ҳам ба халтааш андохт ва боз ҳамроҳи занак ба хона даромада он чӣ талаб дошт, гирифт. Ў имрўз танҳо аз пайи ризқу рўзӣ баромада буд, вале хеле бобарор баргашт. Баъди сиёсату маншаи Худойқул чунин барор гирифтани кор ўро шод кард, вале чун ба боғхона даромад, дилаш сип-сиёҳ шуд...»
Бегоҳи ҷумъа. Аз гурўҳи дигар ба Умматқул зан оварданиянд.
Умматқулро мурда рост кардаанд. Ба болояш як пора латтаи сафед партофтаанд. Дар танаш ҳамон ҷомаи алочаи домодии падараш, амакаш, тағояш. Дар паҳлўяш халтаву асои гадоӣ. Интизори арўсанд, ки омада ба паҳлўи асову халта нишинад ва аз ў пурсанд:
«Шумо пўсту устухон, харҷу таъминот, ин мурда ва ин асову халтаро ба ўҳда мегиред?»
Умматқул оҳиста-оҳиста нафас мекашид. Гўё чизеро интизор буд. Шарти хонадории ҷўгиён ба гўши «мурда» ҷарангос зад ва барҷаҳиду бихест:
— Не, намешавад!

пешина
аз 429
навбатӣ