Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

— Саидқул, ҳамин коқулатро гирӣ-чӣ?
— Не, ин кокули ман дар Мазори Шариф назр.
— Ист, ман бо қайчӣ мебурам.
— Як кор кун… Падарам пўст наканда мондааст.
— Хеҷ чиз намегўяд, «нахостам» гўй.
— Охир, корат чӣ ба кокули ман? Ба ту вазнинӣ кард? Худат ҳам кокул дорӣ-ку?!
— Охир аз мо дигар, думи гўсола не-ку?
— Думи гўсола?! Ман дигар ту қатӣ бозӣ намекунам.
— Ихтиёрат.
— Ту– ганда, ба апаат рафтагӣ.
Духтарак аз гапи ў карахт шуд, яке ба худ омада ларзид ва сухане гуфта ватавониста, гирист ва мисле ки ба ў ягон хабари нохуш гуфта бошад, бовар накарда оҳиста-оҳиста пушт рафт.
Писарак рафт ва чанд рўз наомад. Ў ҳамроҳи модар кўдаки хурди дардмандро бардошта мерафт. Одати бадаш – ҳар чӣ ба чашмаш афтад, илоҷе ёфта моли худ мекард: рўзе писарчае тўбчаи хурди дурангаи сурху кабудро рўи ҳавлӣ гузошта хона даромад.
Саидқул уқобвор чангол зада тўбро ба бағали кўдаки пушторааш гузошт. Пас аз чанд ҳавлиро гузаштан фиғони соҳиби тўб баромад.
Вале Саидқул тўбро ҳалол кард.
Акнун ҳар рўз сари девор омада, овоз бароварда, духтарро сўз медиҳад. Тўбро ба ҳаво партофта медорад. Илоҷи оштӣ меҷўяд.
Духтар чанд бор ин бозии ўро дида, бепарво хона даромада нишаст. Як рўз писар деворро савор шуду ба тўб тап-тап зада ба духтар гуфт:
— Ҳў... ман мечик дорам...
Духтар аввал чизе нагуфт, баъд ба вай нигариста гўлпурсӣ кард:
— Аз куҷо ёфтӣ?
Писар каме хомўш монда, сонӣ бо ғурур ҷавоб дод: «Аз магазин». Баъд биниашро кофта-кофта ба гап даромад:
— Бозӣ мекунӣ?
— Не.
— Метарсӣ?!
— Аз ту фисин? Аз ту дузд? Хаёлат, ман намедонам?
— Гапата дониста зан!
— Дониста мезанам. Ман наметарсам!
— Ягон раги ту дигар?
— Чӣ гуфтӣ?
— Ту ба тоифаи мо монанд не. На он қадар сиёҳ, на он қадар берў. Мўят ҳам дароз, – гапро ба дигар тараф кашиданӣ шуд.
— Чӣ гуфтан мехоҳӣ?
— Ту ким-чиҳо мехоҳӣ. Акаи ту ҳам ҳамин хел. Дидӣ, вай аз ҳезумталабӣ рў гардонда, худаш ба кўҳ рафт. Ақлаш кам- а? Охир, чизи тайёр куҷову кўҳ рафтан куҷо. Ҳамин хел не?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё