Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Танкаат куҷост, духтари командир?
— Ана ҳамон антенадораш,– як сими аз паҳлўи кабина кашолро антена ҳисобида ҳазл кард Қумрӣ.
— Тайёр?
— Ба фармон интизор...
Ҳаво ҳавои шўхӣ надошт. Табъи раис ҳам шўхиро намебардошт, хафа барин. Гапро дароз накард, вагарна ҳамроҳи Қумрӣ гуфта шуниданро дўст медошт: «Духтари командир» мегуфту ширингўӣ мекард. Шўхиҳои ўро Қумрӣ дўст медошт, ба маънии гапҳояш сарфаҳм мерафт ва баъзан ҷавоб мегардонд. Ҳамон рўзе, ки раис бо Қумрӣ рў ба рў шавад, кораш омад мекард ва тамоми рўз табъаш болида мегашт. Раис ҳамин чизро озмуда буд ва кўшиш мекард, ки ин занакро бисёртар бинад: «ту ягон чиз дорӣ, духтари командир, рўзе, ки туро дидам, рўзе, ки бо ту ягон ҷо рафтам, корам барор гирад». Изҳор кардан мехост, ки аз ҳамдигар бохабар шуда истанд. Аммо он чизро мардум чун қабул карданд, хабар надошт ва дар гўшаи хотираш ягон гап наомад. Сабаби хафагии ўро ҷуз худаш каси дигар надонад. Ҳама тахмин кунанд, аммо аниқ гуфта натавонанд. «Ҳа-а, чӣ кор кунем? Зўрамон нарасад,– мадд кашида гуфт раис ва сўйи осмон нигарист.– Ба замин зўрамон расид, вале ба осмон нарасад...» Раис ба фазои гирифта ва боранда нигариста, гўйӣ меомўхта бошад, гардан тофта ва сар давр занонда, қолаби танги осмони тираро аз назар гузаронд.
Қумрӣ бурд, ки раис чаро ин кадар гирифтаавзоъ намояд. Синну соли ин мард ба як ҷо расида, ба ҳар чиз гирифтор ва ин қадар малўл намешуд. Аз ҳазлу шўхӣ намемонд. Ҷояш ояд сахт гўяд, суст гўяд, навозиш кунад, вале ғами корро хўрад, барои ҳамин зиндадил аст, пир нашавад; барои чунин хислаташ, ки зиндадил аст, ба мардум кина нагирад ва ба ҳар гап бовар накунад; мардум дўсташ доранд. «Ғамро кор кушад» гўяд ў. Ва чун фурсати тангии кор гузашт, тахтаи шоҳмоти дўстдоштаашро гирифта аз хона барояд ва сари ҳавзи ғарқи сояи беду сафеддорҳо равад ва барои худ ҳарифи муносиб ҷўяд, ҳамроҳи хуб (ба назари худаш шоҳмотбози зўр) наёбад, муаллими математикаи мактабро кас монда орад, бозии дўстдоштаашро сар кунад. «Ба ягон кор, ки андармон шудӣ, вақти ғайбат намонад» сабаби ба бозӣ машғул шуданашро ҳамин хел шарҳ диҳад. Шоҳмотбозии ўро ҳама донанд, вале бой доданашро касе ёд надорад, зеро касоне ки бо раис бозӣ кунанд, донанд, ки бой додани ин мард имкон надорад, бой диҳад, хафа шавад, бозӣ танг ояд, рафту фарзин ва ё тўраю аспашро ҳариф зада гирад, раис «вариант» созад ва ҳама гаштҳоро аз сар дида бароянд ва вақти (ба қавли худи раис) экспримент кардан ў хатоихояшро ислоҳ кунад, бозиро барад. Зўртарин бозингари колхозашон ҳамон муаллими математика аст, раисро форад, ки ўро бубарад; димоғаш болида ва вақташ хуш гардад.

пешина
аз 429
навбатӣ