Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Раис ҳамаро баробар: писар, падар ё бародар, аз ҷумла Қумриро. То қиссаи раису Қумриро кас саропо нафаҳмад, ба ин гап бовар накунад. Гап бисёр, калоча зиёд, қисса ҳам дуру дароз. Аз ин хусус баъдтар. Ҳоло ба рўҳу табъи раису Қумрӣ нигаҳ бояд кард, ки табиати инҷиқ ба сари онҳо чӣ кулфатҳо овардааст, чӣ тазйиқ додааст ва гирифтори ғами хешу кори колхозу ҷамъият кардааст. Агар дар табиати инсон ягон хислате, хўе дохил шуда бошад, онро дигар кардан муҳол, бо худи табиат мубориза бурдан аз он ҳам сахттар. Аммо табиати носозгор як умр одамиро ғам додааст, ба балоҳо гирифтор кардааст, барои ҳамин одамӣ ҳама умр бо табиат мубориза дорад ва роҳу усул ҷўяд, то ин аспи саршаху рўинтанро лаҷом занад. Одамӣ донад, ки ҳама чиз дар назди қудрати инсон оҷизу нотавон аст; ҳама кор аз дасташ ояд, вале андеша кунад, ҳамин андеша ўро аз бисёр «балоҳо» боздорад. Андеша набошад, кас чӣ хел луқмаи обу оташ шуданашро нафаҳмида монад...
— Мо чӣ кунем, раис? – рафтагор шудани раисро дида пурсид Қумрӣ.
— Бозию шўхӣ.
— Чӣ хел бозию шўхӣ? – сухани раисро киноя пиндошта пурсид ў.
— Бозию шўхӣ чӣ хел шавад?
— Раис...
— Дар чунин вазъият ҷуз бозию шўхӣ кори дигаре намонад.
Ғам хўрдан фоида надорад, бе ғами мо ҳам табиат ғамист. Барои ҳамин бозию шўхӣ кардан лозим, то рўҳи табиат бардошта шавад.
Кадом рўз дар телевизор нишон дод-ку, дидед, аз садои суруду мусиқӣ сабзаю гулҳо нумўъ карданд, ҷон гирифтанд. Фаҳмидӣ?
— Ҳа.
— Ана ҳамин хел. Рўҳи муҳиту атроф ба ҳама чиз таъсир расонад. Шоҳ одил бошад, мамлакат ободу осуда шавад...
Қумрӣ бо мисолҳо гап задани раисро донад, лекин то ҳол ба маънии «шўхию бозӣ кунед» гуфтани ў сарфаҳм нарафтааст, ин гапро талху пичинг кабул кард. Хайр! Пичинг бошад, будан гирад, ў аз ин марди аз устоду падар ҳам зиёдтар хафа нашавад.
Раис аз назди занону духтарон, аз назди ҷавонони дар дастҳо калидҳои мурваттоб дошта, ки баракси либосҳои озодаи заифон ҷомаҳои кории равғанолуд пўшидаанд, гузашта, шипанги барқадро қадам зада, ҳама ҷой ва ҳама кас ва хама мошинҳоро аз назар гузаронида, дар зери борон тар шуда, атрофи саройро давр гашт ва боз таги шипанг омада, ба андеша рафт. Қумрӣ одатан дар чунин вақтҳо ҳамроҳи раис мегашт, баъзе камбудиҳоро мегуфт, баъзе чизҳоро мепурсид. Аммо имрўз дидаю дониста ҳамроҳи ў нарафт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор