Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Киштукор дер монда буд, деҳқонон, пахтакорон, махсусан роҳбарони республика, вилоят, район ва колхозу совхозҳоро гам гирифт.
Соли «мор» рафта соли «асп» омад, вале ҳоло ҳам борон қарор намегирифт. Заминҳо лой, пунбадона корида нашуд. Заминҳои совхози «Пахтакор» нам кашиданд. Одам он тараф истад, трактор илоҷи гаштан надошт. Тракторҳо дар сарой хирсона хобида буданд. Қумрӣ ҳамроҳи аъзои бригадааш меомаду мерафт. Гўё ба ин ҷо наояд, чашми рўзро кўр карда натавонад, рўзаш нагузарад. Одаме, ки аз ҳолаш огоҳ нест, аз омаданҳои ў маънии дигар кашиданаш мумкин аст. Ба назари бинанда ў дилбохтаро монад, ки ояду як бор касеро бинаду равад. Аммо... Синни Қумрӣ ба панҷоҳ дакка мехўрад. Солаш «мор» ва панҷ бор ин солро аз сар гузаронидааст. Ў пир не, ҷавон ҳам не, фарбеҳ ҳам не, хароб ҳам не, баланд ҳам не, паст ҳам не; миёна, ҳамааш мўътадил.
Сиёҳҷурда (дар тобистонҳо сиёҳ) солим, бақувват. Пеш аз ҳама мўи гирди тоқӣ дуним ҳалқа гаштааш ба назар расад. Дигар духтарон ҳам мўйҳо гирди тоқӣ гардонанд, вале чун аз они ў зебою шинам нестанд. Агар баъзе мардон ба вай хушомад заданӣ шаванд, мўяшро таъриф кунанд ва шайдо гаштанашонро изҳор кардан хоҳанд, «э кош, ҳамон мўй мор шуда ба гарданам мепечид» гўянд.
Вале ҳамаи ин як ҳазл буданд (Қумрӣ ҳамин хел мефаҳмид). Мўи зебо ним ҳусн гўянд. Мўйи Қумрӣ гирди сарашро пур кунад ва ў хушрўй тобад. Тарзи ороиши мўяш қомати миёнаи ўро болотар нишон диҳад. Занҳо мўй ва зебоии ўро таъриф кунанд, «аз бисёр монад» гўяд, вале ба тораҳои ягон-ягон сафедгаштаи он аҳамият надиҳанд. Ва он қадар ки таъкиду такрор карданд. «Ба ҷои ман дигар кас мебуд, сафедиаш он тараф истад, эҳтимол ягон тори мўяш намемонд» гўяд ва бо ҳамин ҳам худаш ва ҳам дигаронро тасалло диҳад.
Вай мўзапўш аст, пиджаки зардчаи рах-рах дорад ва куртаи кримплини сабзи якранг (ҳамин рўз ҳамин хел пўшидааст, аксар вақт атлас пўшад). Ягон ҷо мерафтагӣ барин. Аммо ҳама донанд, ки ин занак он қадар ҷойгардиро дўст надорад. Лекин Душанбею Москва бисёр рафтааст, бо иродаю хоҳиши худ не, балки ўро фиристанд ва он ҳам аз барои кораш: коргари хуб. Шояд ин баҳо барои вай кам бошад, вале худи ў аз ин зиёдашро нахоҳад.
— Духтари командир, ин чӣ гап аст? – аз мошини нав ба таги шипанг омада нафаромада пурсид раис. Ва Қумрӣ маънии саволи раисро фаҳмид, ки шўхиомез ҷавоб гардонд:
— Таги осмон шикоф шудай, раис.
Духтарони мошинкор ва ҷавонони мошинҳоро таъмиру соз мекардагӣ хандиданд.
— Ҳа, акнун як муаллими калони Институти политехникӣ ё индустриалӣ лозим, ки ҳам шикофи осмонро пўшонаду ҳам шумоёнро дарс диҳад, ки аз зиёд истодан хуни пойҳоятон шах нашавад...

пешина
аз 429
навбатӣ