Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

ҚУМРӢ
1
Ҳамон сол зимистон дер омад, тирамоҳи хушк барин. Мардумро ғам гирифт. Заминро кўрпаи деҳқон напўшид, гуфтанд, анҷому оқибати корро андешиданд. Ва ниҳоят бодом гул кард, сонӣ «зимистон» даромад: охирҳои моҳи феврал. Аз рўи ҳисоби кўҳна: рўзҳои охирини соли мор. Солшуморҳои кўҳна эҳтимол мекарданд, ки соли «мори обӣ» не, соли «мори лалмӣ» будааст. Дар ҳақиқат тобистони ин сол аз заҳри мори лалмӣ ҳам ҷонгудозтар омад ва акнун тафсои тобистона дербоз аз рўи замин дур нашавад.
Ва баъди он бе ягон огоҳӣ хаво якбора чунон ғурру фиш ва пафу пуф кард, ки дар дами он истода нашуд. Гўё шаҳмори афсонавӣ аз як канори замин истода, мехост, ки ҳама ҷоро нобуд созад.
Баъд гирдбодҳо шуд, чанги замин ба осмонҳо баромад. Бод дар бому дарҳо сина зад ва дар тирезаҳо ҳуштак кашид, аз сўрохиҳо тир барин даромад. Баъзе шиферҳои ноустувор ва кўҳна аз рўи бомҳо париданд, тунукаҳои бомҳо нағмаҳо карданд ва шохҳои дарахтон зӣ-зӣ садо бароварданд. Аз дар сар бурун оварда намешуд. Хурофотпарастон «дунё охир шуд» гуфта боз номи «мор»-ро ба хотир оварданд... Мардум зери садои нўлаю ҳуштаки бод ба хоб рафтанд ва пагоҳ бедор шуданд, ки замину замон сафед аст.
Ҷуз танаи рости дарахтон ва ҷойҳои шамолпанаҳ ҳама ҷоро барф пахш кардааст. Ҳатто таги айвонҳо ва дарвозахонаҳои пешкушод пур-пури барф шудаанд. Ин барф дарахтони акнун аз хоб ҳамёза кашида бедоршударо бозхобонд ва хунук бодомҳои шукуфтаро зад. Аз дер мондани зимистон пахтакорон ҳамин қадар фоида карданд, ки ягон тоба замини ношудгор намонда буд. Аммо кўрпаи деҳқон бемаврид рўйи заминро пўшонд. Гўё пушти мор хунук хўрда, ҷунбид ва аз куҷое боди саргардон барфро ба ин тараф ронда овард. Вале ин барф, ки бунёди зимистона ва гарди чиллагӣ надошт, дер папоид. Борони аввал ё гарморо интизор нашуда, об гашт. Ва боз тарӣ тарӣ мекашид, ки борандагӣ аз иди Наврўз, ҳатто аз «оби раҳмат» ҳам пештар сар шуд ва дер давом кард. Чунон борандагӣ шуд, ки ба дили мардум зад, вақти кишт гузашт. Мардуми ба офтоб одаткарда чанд муддат рўи офтобро надиданд. Ва агар чанд вақти дигар ҳамин зайл соягӣ мешуданд, пўсти гандумгунашон каҳрабоӣ мегашт. Онҳое ки ба анъанаҳои кўҳна одат карда буданд, аз лойи борон кулча сохта, зери қўри ошдонҳо гузоштанд, то борандагӣ басанда шавад; вале табиат корашро кард: бориду борид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор