Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Инсон аввал хуб дўғу даранг кунад, хилватгоҳ ҷўяд, камин гирад ва дид, ки нашуд, ба савдо гузарад, ҳама чизро бошуурона бахшад ва аз ҳайвон бо чунин хислат фарқ кунад. Ин фикр вақте ба сари Сангиной зад, ки кушандаи Зукурро дарёфт; ва ҳолиё, ки хунаш бо хуни Ваҳшӣ омехта, ҳоҷат ба чунин ҳарфҳо нест.
Гўш ба адир медорад, гўш ба роҳ медорад, ки шояд садои Ваҳшӣ ва ё шарфаи пои ў ояд, аммо садое меояд, ки аз дури дур мегўяд: «Ман ҳамаи ин морҳоро мекушам, Сангиной!» ва тавалло мекунад Сангиной: «Аз барои Худо ин корро накун, морҳо нигаҳбони мананд. Накун ин корро! Ҳамаи морҳоро кушта натавонӣ, морҳо қасос ситонанд!» Сангиной яқин дорад, ки рўзе ин Ваҳшии бедину мазҳаб чунин корро мекунад...
Ва ҳамин хел шуд; нохост шуд ин кор: садои шарфаи пой баромад ва «Сабил мон!» гуфта, тап-тап ба замин пой кўфтани касе омад. Сангиной пай бурд, ки коре шуд. Қоматашро бардошта ва лаби боми паст гардан ёзида пурсид:
— Чӣ кор кардӣ?
— Куштам!
Сангиной вазнашро пас кашид; кори ношуданӣ шуд, беҳуда дар ин хусус андеша накарда будааст. Ваҳшӣ кашу паркаш карда, тори душохаи ба ҷои нардбон лаби бом гузошта пой монда, пушти бом баромад ва «уфф!» гўён нафас рост кард, аммо Сангиной ўро «хуш омадӣ» ҳам нагуфт; гўё лозим набуд ва ё аз омадани Ваҳшӣ ношод аст. Ваҳшӣ диққат медод, ки ў ягон чиз мегўяд, аммо Сангиной банди андешаи хеш буд:
— Хуб накардӣ!
Ваҳшӣ ба сухани ў ҷавоб надод, балки кулборашро аз китф гирифта назди Сангиной гузошт ва ҳайрон буд, ки чаро ў ба пешвозаш нахест, боз чунин эрод ҳам мегирад ва баъди он ки аз Сангиной ҳарфи дигар нашунид, пурсид:
— Чаро хуб накардам?
— Гуфта будам-ку, морҳо қасос мегиранд!
— Гиранд, гирифтан гиранд... Аз ин дунё чӣ дидам, ки аз қасоси онҳо бинам...
Ва хомўшӣ шуд, хомўшии дерёз. Ваҳшӣ мисли ҳамагуна мард, ки худро аз зан боло гузорад, ҳама корро барои хеш раво донад, лингҳои бараҳнаашро дароз карда, паҳлўи Сангиной ёзид ва ба андеша рафт, ки ҳарфи Сангиной рост бошад, аз ин ҷо бояд бирафт... вале хобаш бурд...
Хобаш бурду якбора барзаговвор маъос зада хест ва ба доду фиғон даромад... Сангиной, ки лаби бом ба ҷон кандану худро ба замин зада, садо баровардани мори Ваҳшӣ нимкушта карда диққат медод, аз садои ў тарсида, ҷониби Ваҳшӣ омад, аммо забонаш нарафт, ки гўяд: «Нагуфтам, морон қасосашонро мегиранд!»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор