Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Ваҳшӣ даст ба рони луч бурда фарёд мезад ва ғалтанак мерафт.
«Сўхтам!» Заҳри мор ба танаш медавид ва ў месўхт. «Бигаз, макида парто заҳрашро!» амр кард Ваҳшӣ, аммо Сангиной ҳайрон буд, ин корро кунад ё на? Ба рони чиркину пурпашми ў даҳон андозад ё на? Хуни заҳролуди ўро макида партояд ё на?
Хеле ҳайкалсурат истод, вале натавонист, ки зону зада ва сар хам карда, даҳон сўйи рони ў барад. Магар Ваҳшӣ чунин қарордоди занро фаҳмид, ки сар бардошта, бо зўри дастон рон пеш кашид, то заҳри морро макида партояд, аммо даҳонаш нарасид. Чандин бор зўр зад, натавонист. «Ба шумо мочахарҳо мард вақте лозим, ки саломат бошад!» Гуфту гумон кард, ки дар гирифт. Ташна монд, вале аз ғазаб даҳонаш нарафт, ки об гўяд. Ваҳшӣ аз наёми кўҳнаву фитшуда, ки аз зарби корд андохтану кашидан дарида ва риштапеч буд, корд бароварда, аз ғазаб ба Сангиной чизе нагуфта ҷои моргазидаро чок кард; хун баромад ва ў бо панҷаи пурзўраш он ҷоро сахт фишурд, то заҳр бо хун барояд, вале намедонист, ки заҳр паҳн шуд. Ҳар қадар, ки ў ронро фишурда хун мебаровард, гиреҳи миёни абрўвонаш фишурдатар мешуд... Сангиной ангушт мегазид, ки ин чӣ рўзе буд; аз ҳама ҷониб нобарорист... Дилаш мехоҳад, ки ба Ваҳшӣ мадад кунад, аммо раги гарданаш ёрӣ намедиҳад; дасти ба мадад ёзидааш бозпас меравад. Ў мехоҳад, ки кафи даст ба рони вай гузошта хуни равонро боздорад, аммо наметавонад.
Гўё ҳамин хел бояд мешуд, гўё Сангиной чунин лаҳзаро мунтазир буд, инак мебинад... мебинад, ки ҳаромкор ҳаром мемирад.
«— Сўхтам!» – садо дардод Ваҳшӣ ва Сангиной пай бурд, ки об мехоҳад. Як қадам қафо рафт: «Мумкин не, ба моргазидаву ғундагазида об додан мумкин не» дар дил гуфт ў ва овоз набаровард, то Ваҳшӣ безобита нагардад. Ҳамон зайле ки ҷон меканад, равост барои чунин кас, ҳоҷати об дода ўро варам кунонда куштан нест...
Вале Сангиной безобита шуд: чизи сарде ба банди пояш расид ва нохост ҷаҳида фарёд зад. «Туро ҳам газид?» пурсид Ваҳшӣ. Аммо ҷавобе нашунид, гўё садои пурсиши пасту бемадоронаи Ваҳширо Сангиной низ нашунида буд... Сангиной як боло ҷаҳиду аз рўи хислати занонааш зуд нишаст ва ба гирдаш назар давонд, ки мор ҳаст ё чизи дигар, вале чизеро надида ҳайрон монд ва диққат дод, ки банди пояш месўзад ё не... Чизеро пай набурд, хаёл будааст, аммо дилаш дигар чиз мегўяд: «Ҳамин хел бояд мешуд, чунин бояд шавад...»
«— Сўхтам!» – заҳр баданашро фаро гирифта буд ва ў гумон дошт, ки об хўрад, осуда мегардад. «Ноинсоф, як қатра об те!»
Сангиной медонист, ки ба ў об додан лозим, то мисли гуппӣ варам карда мурад, дониста чунин корро намекард, балки мехост сўхта мурад...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор