Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ёд меояд гуфтаи Ваҳшӣ ва чунин манзара девона мекунад Сангинойро, пеши назараш меояд, ки гургбачча баччаи одамро мехўрад; гўшташро канда-канда, нахоида мебалъад.
Баччаи Одам зинда, фарёд мезанад, дасту по мезанад, рўболо хобида, баланд мегиряд, аммо гургбачча гўшти сари сина, рон ва бозувони ўро канда-канда, зинда ба зинда фурў мебарад... «Нее-е!!!» фарёд мезанад Сангиной ва якпаҳлў мегардад, ҳама чиз гум мешавад. Танҳо хонаи сангӣ, шаби равшан, фазои беохир, ситоразор, Дашти Морон, кир-кири морон, хазида, садои баргҳои хушкро баровардану фашу фуши онҳо боқӣ мемонад ва садои пушти бомро кўфтани муште: чунон ки касе дук! дук! дук! ба пушти бом мушт мекўфта бошад... Баъд ба назараш аз ҳама ҷои бом морон сар бардошта, сўйи ў забона мезананд, зери гарданашонро болдор мегардонанд, танҳо заҳр заданашон монда... чӣ аҷаб, ки ҳеҷ гоҳ морон ба ў чунин таҳдид накарда буданд... Вай фарёд назад, ки тифлаш метарсад ва носолим ба дунё меояд: ё чашмаш каҷ ё лабаш ё дасту пояш шал... Ў чашм пўшид, даҳан кушоду бо кафи даст сахт пахш кард, то дод назанад.
Аз ҳо боло, аз сари шахчаҳо садои фитода ба дигар сангҳо бархўрдани санге омад. Сангиной боз рўболо гашта, ба садо бодиққат гўш дод ва ба ҷойи он ки шодӣ кунад, «кошкӣ намеомад» гуфт дар дил. Пасон дуру дароз гўш дод, ки кай аз наздикиҳо шарфаи пой мебарояд. Ба ҷойи шарфаи пой фашу фуши морон ва сарири хасҳо ва баъзе баргу алафҳои хушкро соида гузаштанашон меомад.
«Фурўтар равӣ, Зукур, ҳамаро сарсон кардӣ!» ба нимовоз гуфт ў ва гўш ба қимор шуд, ки ҳамин замон номгирак ўро ном мебарад.
Чашм дўхт ба роҳ, ба воти сарҷўи сабз, ки сиёҳие меояд ва хомўш ба тори бом мебарояд... чунон ки борҳо такрор шудааст баъди аз ғори Амбал омаданаш. Вале баъди садои сангҳои сари шахчаҳо чунин дер омадани ўро ёд надорад, шояд ин кори ў набошад, шояд ягон ҳайвони раҳгузар сангро ғелонда бошад. «Ў маро мепояд, ки боз ошиқ дорам» беихтиёр аз дили Сангиной гузашт ва вазнашро бардошта, нишаст ва ба бари ёнаҳо нигарист, ки сиёҳие тобад ё на.
Бод барин чизе ба танаш вазид ва бехи мўйҳои сару танаш мурғак давид, сонӣ хунукие танашро фаро гирифт, гўё аввалин бор ба сараш зад, ки дар ин танҳоиҳо ба ҷуз ваҳшиву мору дарранда боз дигар ҷондорони афсонавӣ мешаванд: дев, ҷин... ва ҳамин лаҳза хост, ки Ваҳшӣ ҳамроҳаш бошад, зеро деву ҷин аз ў мегурезанд ва ба Сангиной осебе намерасонанд. Вале пештар Сангиной бо чунин ҷондорон дучор шудан мехост.
Ў намедонад, ки мор қобилияти фикр дорад ё надорад, аммо медонад, ки мисли инсони бадкину бадкеш қасд ситонад; якеро кушӣ, ҷуфташ қасос бигирад. Сангиной баъзан қасос гирифтани морро андеша мекунад ва хулоса мебарорад, ки инсон қасос ба тамаъ бадал карда тавонад, аммо мор чунин корро накунад; гўё море барои қасосашро ситонидан аз Ҳиндустон ба Кўҳистон омадааст.

пешина
аз 429
навбатӣ