Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сангиной хуб тамошо кард онҳоро ва барои он ки халал нарасонад, паҳлўи гулхоре нишаста, куҷо рафтанашонро нигарон шуд; онҳо рафтанду рафтанд то назди хорбуттае, оғўш ба оғўш шуданд ва печиданд, чунин ки сафедии зери шикамашонро ба ҷонваре, чарандае ё гулу гиёҳе нишон намедода бошанд; хобиданд ба сони ду тани бараҳна аз гармии ҳамдигар сўхта. Дар сояи хорбутта шуданд, то фароғат кунанд, насл гузоранд мисли ҳама гуна ҷонварон... Сангиной хуб тамошо кард онҳоро ва як они воҳид чашм пўшид, ба хаёл рафт, ки морбачча рўяд аз онҳо, вале маълум нест, ки аз худи ў кӣ рўяд: морбачча, ваҳшӣ, девона, гуреза, маймун ва ё баччаи Одам?
Ва гўё фарқ ҳам надорад, ки кӣ мерўяд; маънии ба дунё омадан азобу уқубат дида мурдан бошад, фарқ надорад... Ҳамин лаҳза ба дилаш раҳме омад ва нахост, ки фарзандаш азоб кашад. Беихтиёр даст ба рўйи шикам бурд ва ў дар андарунаш ҷунбид. Чеҳраи Сангиной дигаргун гашт, дар лабонаш табассуми нозук дамид...
«Худам калон мекунам, Сангиной, худам калон мекунам» – ваъда дода буд Ваҳшӣ «Ҳо, калон мешавад, хунхор мешавад!» – хитоб карда буд Сангиной. «Хунхор шавад, беҳтар аст; аз мо барин ғор ба ғор гаштана, гурезаи ду ҷаҳон шудана, хунхор шавад, хубтар!»
– пушаймон аз умри барабас гуфта буд Ваҳшӣ... Ва Сангиной ба хаёл рафта, хомўшии ғорро хомўштар гардонда, меандешид, ки Ваҳшӣ рост мегўяд, Ваҳшие, ки ҷуз худсарӣ коре накардааст, ҷуз бадӣ кореро намедонад, рост мегўяд: аз он ки хунхор набошаду зиндагӣ карда натавонад, нафърасон набошад, чӣ суд? Ва ў боз даст ба рўйи шикам мебарад, мемолад, то як лахт гўшти ба ҳаракат омадаро ором кунад ва бо силаи даст фаҳмонад, ки танҳо барои саршуморро зиёд кардан ба дунё меомада бошад, лозим нест. Мисли Абўшукур, Зукуру Ваҳшӣ мешуда бошад, ҳозир дар шикамаш мекушад... девона рўяд ҳам, равост, лекин баду шайтон набошад... На, ин он замон лозим буд – вақтҳое ки бо Зукур зиндагӣ мекард ва мардум безурёт мехондандаш, ҳоло лозим не, зеро ўро касе намебинад ва агар бинаду донад, бадном мегардад
– ҳаромӣ зойид, бешў зойид, мегўянд, айб дар Зукур будааст, мегўянд... барои ҳамин сила мекунад шикамашро ва мехоҳад, ки занад, сахт занад ба шикамаш, то афгона гардад тифлаш... «Ба даҳонаш пораи гўшти хунин меандозам, макида-макида калон мешавад...»

пешина
аз 429
навбатӣ