Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шояд ў ба чунин бемадорӣ зойида натавонад ё зояд, калон карда натавонад; шояд аз мадор раваду морон тифли шилмаки ўро газанду хўранд, шояд синаҳои пуршири ўро маканд ва шояд ҳамин рўзро нигарон бошанд, ки ин қадар гирди кулбаи сангӣ мегарданд; ба дашт паҳну парешон мешаванду боз меоянд, гирди сарҷўи сабз мераванду миёни киштаи ў мешаванд; ҳамон гандуме, ки Сангиной дар гўшаи рўймолаш баста оварда буд ва як лаби Дашти Моронро побел карда, дона-дона шинонду зери хок кард, то рўи хок монда, тўъмаи ҷонварон нашаванд, ҳоло майса зада, тахт шудаанд ва шона бастанашон маълум; умеди Сангиной ин аст, ки агар гандумро бод набардорад, ҳосил диҳад, соли дигар зиёдтар кишт мекунад... Не, морҳо барои хўрдани гўшти ў ё тифлаш набудагистанд, зеро одамон қисса кунанд, ки онҳо аз рўзи азал ҳастанд ва бояд оқибат коре кунанд; ҳо, инсон, қавм, гурўҳ, қабила, халқ тамоми умр ором зиндагӣ мекунанду рўзе ҳодисае онҳоро ба шўр оварда, аз ҷодаи ҳаёт берун тела медиҳад, балое меангезад ва онон лоилоҷ ба коре даст мезананд, ки мумкин набуд, лозим набуд; коре мекунанд, ки карданӣ набуд...
шояд морон ҳам аз рўзи азал омадани ўро нигарон буданд ва ё зода шудани тифлаки ўро?
Тахтаи пушташ дар пўстаки якқад дард кард, вале ў паҳлў нагашт, ки ситораҳои зебо, равшан, муҷалло аз назар гум мешаванд; ба дасти рост гардад, торикии беохири талҳоро бинад, ки доманашон ба водӣ расад, паҳлўи чап гардад, кўҳҳои баланд пеши чашмро гиранд, на фазоро бинаду на ситораҳоро, вале бадиққат нигоҳ карда, аз адиру ёлаҳо сиёҳиеро ҷўё шавад, ки ба суроби одамӣ лағжидаву ғалтидаву хеста, садои сангҳоро бароварда, дуздона меояд, чанд бор аст, ки чунин меояд, аммо имшаб омадан ва ё наомаданашро надонад, ҳамин тавр гумон кунад, ки ба дасти чап гардад, суроби ўро бинад. Вале ў нахоҳад, ки ситораҳо аз назараш дур шаванд; вай гўё аввалин бор чунин осмони ситораборро мебинад ва Роҳи Каҳкашонро, ки касе бо ин роҳи обиранг рафта, дудаста ба паҳлўҳо коҳ пошида бошад; ин қадар наздик аст осмон, он қадар дуранд ситораҳо... ў андаке худро ба ин андешаҳо андармон кард, то морон аз назару ёдаш раванд, аммо шўхӣ-шўхӣ, бозӣ-бозӣ пеши чашмонаш меомаданд ва ўро ба дунёи хеш ҷалб мекарданд: гунҷишкро дошта зинда-зинда фурў бурда, то ба шикам фурў лағжонда, сонӣ ба дарахт печида, пахш ва ҳазм кардани мори чипорро на, бо калтакалос дурудароз набард кардани айнакдорро на, чашм ба чашм рост шуда, забона задани морони зиёд, фашу фуши онҳоро на, вазнин-вазнин хазидану дурудароз ҳалқа зада хобидани морони рангаро низ на, балки бозии ду мори мисрангро пеши назар меорад, ки он рўзи офтобӣ оинасон шуои офтобро баргардонида, ҳангоми ба ҳам печида, рост шудан зери шикамашон зери шиками моҳиро мемонд: ба ҳам печида, қад ба қаду боло шуда, аз думашон як ҷуфт пой сохта, чархидаву печида мерафтанд; гардан ба гардану даҳон ба даҳон монда, изҳори муҳаббат карда, чархидаву рақсида ҳамчу гирдбоди гардон рў-рўйи замин – рў-рўйи сабзаҳо мерафтанд; масрур буданд, шод буданд, зиндагӣ доштанд – онҳо рафтанду рафтанд, печидаву бўсида, рақсидаву чархида, такя бар думҳои хеш доштанд, ки пойи равонашон буд...

пешина
аз 429
навбатӣ