Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Фақат либосашро. Сангиной даст бар синаи ў гузошта тела дод, ки хезад. Ваҳшӣ ба чунин имо маътал буд, ки хирсона ғуррида хест ва гунгона занакро дашном дод. Вале дар дил шод буд, ки сабук шуд; ба назар як бори гарон аз дўшаш афтид... Сангиной шарм медошт. Вазнашро бардошта, зонувон оғўш карда, сар бар сари зону ниҳода андеша мекард, ки чашмаш ба гўрҳо наафтад, рўи ҳароми Ваҳширо набинад. Парида хеста, лаби об фаромад, то либосашро тамиз кунад...

XX

Сангиной тори боми бо дастони хеш найпўшу андова карда, рўболо хобида, баъди борони имрўза осмонро тозатар дида, аз байни ситораҳои муҷалло кадом ситораи навро ҷўё буд, то бо он сўҳбат кунад – сўҳбати хаёлӣ ё чашмакзанӣ: ў чашмак занаду ситора; ситора чашмак занаду ў. Як тозагие ҳаст дар олам имрўзу имшаб. Аммо фарқ карда натавонад, ки чунин тозагӣ дар дили ў, дар мағзи сари ў, дар куҷои ҷисму ҷони ў. Ситораҳои калон-калони равшан ларзанд ба назар, монанд ба гул шаванд, ба даҳони пурханда, ба ҷисми пок. Сангиной низ хоҳад, ки ба онҳо монанд бошад. Аммо дар сари дилаш ғуборе ҳаст ҳамчу меғ. Меғ ба сару дидаи ў паҳн мешавад, сари дилаш сиёҳӣ пайдо мекунад... Аз ҳама чиз сер гардад ў: аз олам, аз зиндагӣ, аз хешон, аз Ваҳшӣ, аз ҷони худ ва хоҳад, ки аз тори бом зер занад ва морони зиёд, ки посбон ва ё мурдахўр буданашонро намедонад, сар то пои ўро пўшида, газанду маканд; ба сари дилу рўйи шикам, болои пою атрофаш ҳалқа зада, хоб раванд ва нагузоранд, ки касе мурдаи ўро бинад: ҷасади аз заҳри морон варам карда, дандонҳои зиҳзада, хонаи чашмони фурўрафта, чашмони бедори аз зиндагӣ носери ўро бинанд... Чунин ғубор дар сари ў сайр мекунад ва боз ягон чиз сабаб гашта, ўро ба худ меорад...
Чизе дар батни ў ҷунбид, ўро ҳам ҳайрон кард, ҳам осуда; аввалин бор дар раҳми ў як чизи беҷон ҷон гирифт, ҷунбид ва дили Сангиной гум зад; гум заду ширин фурў рафт. Ва ў чашм пўшида, нафас ба дарун дошта, мунтазир шуд, ки такрор меёбад, боз ҳаловат мебарад, боз дилаш ширин гум зада, фурў мелағжад... Вале ҳар қадар нафас дарун гирифта, орому хомўш нигарон шуд, ки нутфа ҷон медарорад, ҷунбише ба миён наомад, балки ҳаво барин як чиз ба тамоми рагу паяш давид ва як чизи хунук аз сараш рехт... Хеле баъд ба худ омад ва гуфтаҳои занонро ёд оварда, пай бурд, ки чӣ хел як чизи беҷон дар баччадон ба ҷунбиш меомадааст... «Баъд чӣ мешавад?» гўё ҳама чизро паси сар карда, ояндаи он тифлро пеши назар оварда, аз худ пурсид Сангиной; пеши назар овард, ки чӣ хел тифли хунобаолударо, нофнабуридаро, чашмпўшидаро, лучакро аз таги домон бардошта, калон мекунад ва ў миёни морон чӣ рўз мебинад?

пешина
аз 429
навбатӣ