Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Сангиной саволомез ба рўйи модар нигарист, ки чӣ гўяд, киноя занад ва ё дуруст аст ҳарфи ў. Наход Абўмансурро кушта бошанд; аз барои писар, ба ҷойи Зукур ўро кушта бошанд?
— Овехтааст худашро... Аз ҳад ки ҷабру ситам кардаанд, тоб наоварда овехтааст,.. дар ҳамун ҳабсхона бо саллааш овехта куштааст...
Сангиной донад, ки аз ин тухма дар олам нишоне намонда, вале ин ҳарфро ба касе гуфта натавонад.
...Сангиной дар мурдаи падаршў хидмате карда натавониста бошад ҳам, баъди чанд муддат ҳамчун меросхўр ба ҳавлии ў бозомад; ҳама чизу чора ва бисоти аз онҳо монда аз они ў шуд – ба хотире ки Сангиной ҳоло дар никоҳи Зукур аст ва рўзе баргашта чароғи ин хонадонро фурўзон мекунад. Ноимкон будани бозгашти Зукурро Сангиной донад ҳам, ба даҳон об мегирад. Рўзҳои аввал модар ба ў ҳамроҳӣ мекард, ки дар хонаи пайи ҳам ду мурда баромада натарсад, пасон, одат кард, гуфта, рафт. Акнун Сангинойро воҳима мегирад; ҳарчанд худро ба девонагӣ занад ҳам, ҳаросаш кам нашавад. Падаршў, модаршў ва шўро ёд оварда, аз рўзи арўс шуда омадан то имрўзро аз лавҳи хотир гузаронад ва хоҳад, ки аз ин хона бадар равад, аз ин хонаи наҳсзо, ки камтар аз ғори Амбал наҳсӣ надорад; чунон хона, ки ҳатто тифле ба дунё наояд... Ҳама рафтанд аз ин хона, акнун навбати ўст; он ғору ин хона мисли гўр ҳамаро хўрад... Башитоб дарро тела дода, бурун омад ва назди дарвоза бозистода, ба пас нигарист... гўё садое буд.
Сараш гашт, дилаш беҷо шуд...
XIX
Сангиной ин моҳ бенамоз (ҳайз) нашуд, балки сарторик гашт:
дилаш худ аз худ беҳузур мегашт ва ба хеҷ бўе тоқат надошт; чизе хўрда наметавонист, агар хўрад, ғарора карда, мепартофт, вале намефаҳмид, ки сабаби ҳамаи ин чист? Аввал дар назди модар ин корро мекард ва ў қол мебуррид, ки меъдаашро сармо зада, хунукмиҷоз шудааст, аз ин рў чизе хўрда натавонад. Аз ҳад, ки гузашт, пушти боғ рафта, ғарора мекардагӣ шуд. Гумони модар ба яқин гашт, ки бо ў коре шуда: обистан. Аммо чизе нагуфт, ба духтар нафаҳмонд, дар дил шукр кард, ки авлоди Абўмансур бенишон нарафт... ва ҳамин ки мардумро, деҳаро пеши назар меовард ва гапу калочаи занонро дар дилу майна таҳлил мекард, рангаш канда, ҳанги пояш хушк мешуд, ки шармандаи ҳарду олам мегардад... «Арўси бешў зоидааст...» Обе нашўяд ин ҳарфро, ин гуноҳро; бо чизе пўшида нагардад даҳони мардум. Чунин ҳодиса то ҳол дар ин деҳа рух назада... ки зани бешў обистан шуда бошад, вале донанд, ки Бибимарям бо қудрату мўъҷизаофаринии Худои таъоло Исо пайғамбарро зойид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор