Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Модар ин корро ба Сангиной нафаҳмонда бошад ҳам, ба касе нагуфта бошад ҳам, рўзе ошкор гашт: вақти лабшон кардани ҷўйи Дам. Сангиной, ки ба ҳукми ҷиниён даромада буд, ҳамроҳи ду ноқисулақл – Холиқу Боҷўра дуртар аз дигарон дар охири ҷўйбор ҷўй меканд, лабшон мекард. Сангиной Холиқи девонаи ба кори вазнин тайёрро хуб медонист: дар деҳа гўё ҳама аз ў ҳазар мекарданд, вале корашон афтад, ба хонаашон оварда аз субҳ то шом кор мефармуданд, барои як шикам хўрок. Ў фақат кор мекарду ба дигар чиз, ҳатто ба сухан гуфтан ақлаш намерасид...
лекин дар чунин муддат он қадар аз майнаи ў ҳарфу андеша мегузашт, ки ҷуз худаш касе намедонист; мардум гумон доштанд, кн ў қобилияти фикр кардан надорад, карахт аст, барои ҳамин як умр ҳарфе намегўяд. Аз ин рў ҳар чиз мегуфтанд, ки ў ба маънӣ сарфаҳм намеравад: занҳои беваи бекас ўро ҳамхоба мебурданд, ки ба коре ақлаш намерасад ё ба касе чизе намегўяд... Ҳо, ў аз бом то шом дам нагирифта, ҳарфе нагуфта кор мекунад, диҳанд, мехўрад, надиҳанд, қаноат мекунад. Ва дар сари кор Сангинойро ба ў доданӣ шуданд: шўхӣ карда, ҳардуро девона дониста, занони шўху пирони ҳазлбоз маслиҳати Холиқро мепурсиданд, аммо ба Сангиной чизе намегуфтанд. Сангиной ҳама чизро мефаҳмид ва барои он ки ўро девонатар донанд, ба гуфтаҳои онҳо ҳамроҳ намешуд, нашунида меангошт; вале аз ҳад, ки гузашт, Холиқ ба замин хам шуда санг мебардошт, то ба тори сари ҳазлкашҳо занад ва як деҳа одам восита шуда, базўр сангро аз дасти ў кашида мегирифтанд... Боҷўраи камақл, ки баракси Холиқ ҳеҷ касе чизе нагўяд ҳам, худаш гап ҳамроҳ мекард – мепурсиду мегуфт, ба тамоми кирдорҳои мардум, ба хомўшии Холиқ, ба ғазаби ў механдид; гўё дар олам кори ҷиддие вуҷуд надошта бошад, механдиду механдид...
ва чунон механдид, ки хандааш ба гиря мегузашт. Ин чизро ҳам касе то ҳанўз кашф накардааст, ки барои чӣ ин девонаи хандон аз ханда ба гиря мегузарад ва вақте аз ў мепурсанд, ки чаро чунин мекунӣ, боз механдад, сад бор пурсанд, ки сабабашро фаҳманд, сад бор механдад, пасон хулоса мекунанд, ки шайтонаш зиёд ин девонаро... вале касе таги дили ўро фаҳмида наметавонад.
Ва Сангиной пушти дарахти дўлона ғарора мекард. Баъзеҳо коргурезиву девонагӣ дониста, ба ғарораи ў эътибор намедоданд, баъзеҳо кунҷкобона менигаристанд ва чизеро пай бурдагӣ барин бо девонагон ҳазл мекарданд:
— Чӣ кор кардӣ, Холиқ?
Вале ў ҷавоб намедод: ё ба савол сарфаҳм намерафт, ё худро ба карӣ мезад. Пас ба Боҷўра мечаспиданд, зеро медонистанд, ки чанд бори дигар пурсанд, Холиқ ё каланд мебардорад ё санг мегирад.

пешина
аз 429
навбатӣ