Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Зону оғўш карда, ғунча шуда менишаст, то модар боз кўбад, боз занад. Садо набароварда, хапу дам кўфтани модар ба ў маъқул шуд: гўё ў бо инсон муносибат надорад, балки ба кундае табар зада ё гилеми ифлосро сари санги миёни об кашида кўба мезанад, то дилаш холӣ шудан, то аз кардааш пушаймон гашта, хориаш омадан, бемадор шудан, то модар буданашро ёд овардан; то даме ки ҳушаш ба ҷояш меояд, вагарна девонатар аз Сангиной гашта, радди маърака шудааст, чунон радди маърака, ки аз дарвоза берун намебарояд ва шояд дар хона либоси мотам иваз карда баромаданаш низ ҳамин бошад...
ва боз сабабҳои дигар, ки барои алами мардакашро паст кардан чӣ қадар дурўғ мегўяд, то шавҳараш равғани камёб барин дар нагирад, ба сари духтар балое наангезад. «Медонистам, ҳамон вақт вақти дар қадам будан заҳр мехўрдам, ки ҳам ту мемурдиву ҳам ман...» Аз духтар чизе нашунид боз идома дод: «Нарсаг аз паи килла мегардад, лекин ту қанчиқ аз паи нарсаг мегардӣ...» Ҳама чизе ки дар дил мағор баста буд, рехт модар. Сангиной донист, ки барои Зукур намегиристаанд, вагарна модар чунин намегуфт.
Ў аз ин зиёдтарро чашмдор буд: ба гумонаш модар калтакро гирифта, зада-зада аз даргоҳ меронад, аз куҷое омадӣ, ба ҳамон ҷо рав, мегўяд, вале ў дигар чиз гуфт:
— Либосҳоятро каш, боз мурдадор шудӣ...
Аммо Сангиной чизе нафаҳмид, гўё нашунид, дам ба дарун гирифта, гўш медод, ки модар шарҳ медиҳад, аммо ў чизе нагуфта ба хона даромад, боз либоси мотамӣ пўшида буромад.
— Абўзукурро оварданд, оча?
— Абўзукур пеш-пешу ту аз қафо...
— Чаро сиёҳ пўшидӣ охир?
— Ба мотами ту, сиёҳмила...
Сангиной забон газид; ки хато кард, сирро бой дод, хайрият, ки модар ба сухани ў эътибор надод, дурусттар диққат медод, аз ҳарфи ў рамуз мегирифт. Вале ў ба Сангиной ғазаб мекунад.
Сангиной азодории ўро аниқ кардан хост:
— Охир кӣ мурдааст, оча?
Модар дам ба дарун хеле истод, чанд қадам сўи дарвоза гузошт ва рў гардонда гуфт:
— Меравам, то ба ҷойи ту бигирям... Худо туро чунон сохта, ки ба марги хешон гириста натавонӣ.
Сангиной ба андеша рафт, ки хешаш кист? Падараш, модараш, дигар хеш надорад.
— Модаршўро дар назар дорӣ, оча?
— Не, падаршўро...

пешина
аз 429
навбатӣ