Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Ниҳоят Сангиной пай бурд зўр, тавону мадорашро ва донист, ки имшаб миёни барфзорон танҳо монад, шаб аз ҳолати ҳозира хомўштар шавад, тираву сард гардад ва барои нобуд кардани ў ҳеҷгуна ваҳшӣ, дарранда, гурги гурусна лозим нест; худ аз худ мирад:
ё талхакаф шуда мирад ё хунук гузаронда, шах шуда... Барфи зиёд борад, миёни барф мурдааш чун лошаи Зукур шах шавад ва ҳамин ки барфҳо об шуданд, мурдаашро зоғу заған хўрад. «Тамом...» гўё аввалин бор аз мурдан тарсид, мурдан нахост, нахост, ки кадом кор нобуд монад, нахост, ки ин сирру савдо пинҳон монад... Якбора ба сараш зад, ки наход Зукурро хирс кушта бошад: «Агар хирс кушта, ҳаромкорӣ намекард, пинҳон намешуд... Ба ў зан лозим бошад, зорӣ мекард, тавалло мекард, мисли мардони маккор ба гиря медаромад, пеши пой меафтид... Мекушт, хубтар буд...» Ва чунин фикр ба танаш мадор овард. Аз нав пойҳояш пеш рафтанд; ба назар кўҳҳо паст шуда, фарозҳо ҳамвор гашта, ў як зайл метохт.
Рўймол яхбаста, мўкиву домон яхбаста, лабу абрўвонаш яхбаста, медавиду метохт; дастони сармобурдаро зери каш мекард, остин ба остин мехаст, ва чун ба тохташ халал расонд ва ё дар ҷое лағжида афтид, боз дастонаш раҳо мешуданд, ба барф меғўтиданд, хунук мехўрданд; ба ҳаври даҳон гарм мекард дастонашро... медавиду медавид мисли як харгўши нимҷон рўйи барфи арасот.
Дастонаш сахт хунук хўрданд. Андаке ба худ омада дарёфт, ки фарозеро ханҷолкаш мебарояд, вале то ҳол гумон мекард, ки метозад. Бозистод, қоматашро рост кард, аз куҷое, шояд ҳо аз он шах, ки сиёҳӣ мекунад, садои хониши кабк омад. Дар танаш мадор давид, ки ҳамроҳдор шуд, ақаллан ҳамон ҷонвар бинад, ки касе монанд ба одами барфӣ зўр зада, талоши зиндагӣ карда, ханҷолкаш фарозро барояд, вале надонад, ки пешомад чист? Надонад, ки ба манзил расад ё на? Ба ҳар тақдир талош дорад; ҳамоне, ки андаке пештар мурдан мехост, тани ҳароми худро ба касе, рўйи нопоки хешро ба чашме намудан намехост... Аз андешаҳои зиёд хаста гашта, кашолу молон ба тори фароз баромад. Донист, ки лаҳзае пас торикӣ фаро расида, ўро аз дунё ноумед мегардонад; табиат ба сараш як пардаи сиёҳу сардро андохта, таъкид мекунад, ки наҷунбад аз доира бурун наояд... дар натиҷа аз дасти даҳшату сармо ҳалок гардад.
Дар сари кўҳтал дамашро рост кард ва ёд овард, ки чанде пеш чунин ҷойро мехост, ҷое ки атроф тобад. Ҳоло зери пардаи нимҳоли бегоҳӣ дар дурии паст манзарае метобад монанд ба водӣ. Андаки дигар рўшноӣ сабр кунад – зери пардаи воҳимаангез пинҳон нашавад, ў муайян кунад, ки ба куҷо рафтан лозим аст, торик шавад ҳам, боке нест, роҳро пайдо мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор