Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Безобита гардад, ки ба ҷое нарасад, пасон ба андеша равад, ки дунё дурўғобод, фиребобод ва ҳама чиз – ҳама орзуҳои пиндору афсона хобу хаёл будаанд; дар тангдастиҳо Худо ҳам ба мадади кас намерасидааст. Ҳатто Ваҳшии ўро оварда ҳам рўй тофта, пинҳон шуда. Ба осмон нигарист ў. Ба ҷуз барфи сафеду сард чизе наомад аз он баландӣ. Ба ғор нигарист, ғайр аз сукуту хомўшӣ чизе набуд.
«Айби худам.» Ҳо, ин «девона» айб ба гардан гирад, зеро мазлума аст, мағлуба аст ва агар золимаву ғолиба буд, ҳамин айбро низ ба гардан намегирифт; чунин сохта шуда зиндагӣ аз ибтидо:
ба ҷои яке дигаре азоб кашад, ба гуноҳи амир халқ ба шўриш хезад, дар набарди қавмҳо зану фарзанд мирад, ба хиёнати фарзанд волидайн азоб кашанд... аз барои нафс ҳама чиз қурбон шавад...
лекин ў ҳайрон, ки ба Ваҳшӣ чӣ зўр омада буд, ки чунин кард?
Ва якбора ба нишебӣ рў оварда чунон тохт, ки аз дасти Ваҳшӣ мемурда бошад. Як ба пас нигаристу боз тохт, вале намедонист, ки рўз чӣ вақт аст. Дар ин ҳавои барфрез, ки ба давидан ҳам халал мерасонад, чизеро фарқ кардан ва ё муайян кардан имкон надошт, барои ў як чизро муайян кардан лозим буд: пайроҳаи дирўзаро, вале барф ҳама чизро кўр карда буд.
Монда шуд. Акнун бозистода дилак мезанад. Дароз-дароз нафас мегирад ва сари синааш монанди дами кўраи оҳангарӣ шинухез дорад... Якбора ба худ омад, ки чаро истодааст? Вай аз Ваҳшӣ мегурезад-ку! Чаро истодааст?.. Фаромўш кард, ки монда шуда, бозистод. Дилак мезад, базўр нафас мегирифт – даҳон кушода, базўр нафас мегирифт, вале ҳоло мехоҳад болотар барояд, гўё зўраш зиёд буд... Ёдаш омад, ки бояд хабари марги Зукурро ба деҳа расонад... Давид... Лағжиду афтиду хест ва боз давид... Барф кам шуд, бозмонд ва аз гўшае равшании офтоб тофта Сангинойро ноумед кард, ки рўз рафтааст ва ў тамоман муқобили деҳааш меравад – деҳаи ў дар самти шарқӣ не, балки дар ҷанубтар аст.
Дилаш сиёҳ шуд, ки ҳар қадар тозад ҳам, ба манзил нарасад; дар роҳ монад, ё аз сармо мурад ё тўъмаи гургон шавад. Ҳаво, ки кушод, яқин сармо занад... Тохт. Андаки дигар дар равшанӣ тохтан имкон дорад, пасон чӣ шавад, норавшан. «Чаро шўрбахт зойидӣ, оча?! Чаро сарсахт офаридӣ, оча?!»...
Пойҳояш ба ҷойи пеш рафтан пас мелағжиданд. Зўру қувват танҳо дар орзуву хаёлаш боқӣ монда буд – мехост давад, тозад, пуршаст равад, аммо пойҳояш итоат намекарданд... Ба назар медавид, тез медавид, ана-ана ба деҳа расида, бо овози баланд ҳама сирру савдоро мегуфт, дод зада мегуфт, то ҳама шунаванд, донанд ва баробар ба ёрӣ оянд; ҳамагон корду калтак карда ҷониби ғор рост шаванд, Ваҳширо дастгир кунанд, мурдаи Зукурро аз зери барф бароранд, оварда гўронанд ва саргузашти Ваҳширо шунаванд, донанд, ки чӣ кас аст ў.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор