Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Боз андаке вақт лозим – рўзро бояд боздошт, то ба сари ў чодари сиёҳ наандозад, ки бе ҳамин ҳам рўзу рўзгораш сиёҳ аст; боз андаке хуршед саховатманд бошад, сари кўҳи дур каме дам гирад, Сангиной аз нураш нерў мегирад, то манзил мерасад. Муруввати хуршед лозим аст, зеро зиндагӣ ба вай мурувват накард:
падару модараш ўро «девонаи Худо» дониста, эътибор надиҳанд, халқ ҷуз масхара чизе набахшад, мардуми музофот кинояву таъна зананд, халқи олам аз ҳолаш бехабар... Сангиной ҳеҷ гоҳ барои худ, ба ҳоли хеш насўхта буд, вале кори дўшина сахт хориашро овард. Акнун бояд қасд ситонад, ташвиши зиёд, ин қадар ҷигарсўз тохтанҳо барои он аст, ки ба деҳа расида, рўзи сахташро ҳикоят кунад, марги ҳароми Зукурро гўяд... ҳамаро барои мурдаи Зукур фиристаду худаш ҳам мурад...
XVIII
Аккоси саг ўро ба худ овард ва донист, ки зиндагӣ тамом нашудааст; дарёфт, ки пойҳояшро кашола карда, ба рахна наздик шуд ва илоҷи гузаштани онро надорад, ба назар пойҳо рўда гашта, аз рахна намегузаранд, ў барои ғундошта гирифтани онҳо мадор надорад... Гумонаш саҳар мурдаашро дар сари девор хўрҷинак меёбанд. «Лаънат ба ин рахнаву ин камару ин ғор...» Садои саг меояд, Сангиной бисёр мехоҳад, ки саг наздаш ояд, ўро оғўш карда каме гарм шавад, нерў гирад.
Саг пеш наомад. Ҷакиду ҷакид, ба пойи пас нишаст ва фўк сўйи осмон гургона зуза кашид, ба қавли мардум кадом балои осмониро баргардондан мехост. Аммо садои нўлаи нобаҳангоми он дар дили Сангиной воҳима ангехт: гўё ҳама балоҳо – хоҳ барои ў омада бошанд, хоҳ барои дигарон – аз сари теппаҳо, аз шохи дарахтон рехта ва ё аз зери барф омада, балоҳои осмониву заминӣ якҷоя шуда, бар дўши ў нишинанд ва чунон пахш кунанд, ки ба ҳафт қабати замин фурў равад... ҳамин хел тасаввур мекард ў балоҳоро: ту намебиниву онҳо корашонро мекунанд: «Кирдори Ваҳшӣ барин» аз дил гузаронд, вале зузаи гургона андешаҳои ўро бурид. Саг ҷо-ҷо ҳув-ҳув мекарду сонӣ ҳувуууу! давом медод ва рафта-рафта садояш ба уллоси гург мегашт, дам мегирифту ҳаворо бўй кашида, аз нав нўла мекард... Яке ба хаёли Сангиной расид, ки нопок аст, балоҳо ба ў наздик намешаванд; бало одами покро мезанад... ў ғусл карда буд, аммо худро нопок медонист. Саг ором шуд. Садои фарёди хурўс омад, харе ҳанг зад, вале деҳа дар хоб буд. Сангиной медонад, ки деҳа дар ин мавсим хоб меравад, мардуми он тамоми фаслҳои дигар мўрсифат кор кунанду зимистонро хирсона гузаронанд: гирди сандаливу бухориву қашқарчаҳо нишаста, рўзро кўр кунанд, афсонаву саргузашт гўянд ё матал, вале аз рўзе ки ҷанг сар шудааст, қарору ором надоранд; ҳатто дар чўйбори Сари Нов яхшиканӣ мекунанд, то осиёб нахобад, дар осиёб бор набошад ҳам, бояд оби нов ҷорӣ бошад...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор