Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

вале Сангиной барои эътироз не, барои андеша нишаст, аммо фаҳму фаросаташ ба ҳалли ин муаммо намерасид. «Омада натавонист»
дар дил такрор кард ҳарфи ўро, аммо бовараш наомад, ки мурод чунин бошад.
— Омада натавонист ё намеояд?
Ваҳшӣ ба саволи ў ҷавоб нагуфт, нашунида ангошт ва чанголи хирсро рўи барф партофт.
— Қарз буд ба гардани ман, ки ба ту фаҳмонам... мерӣ, намерӣ, ихтиёрат.
Сангиной сияҳпўш буд, сияҳпўш менишаст рўи барфи сафед; қасдан сиёҳ пўшида буд, ки Зукур сабаб пурсад ва ў фаҳмонад, ки модарашро дирўз чил доданд... Аммо Ваҳшӣ ин чизро фарқ намекунад. Куртаи сиёҳу рўймоли сафед доштани ўро як чизи муқаррарӣ медонад ва шояд фаҳмаш нарасад, ки занон бар марги хешовандон сиёҳу кабуд мепўшанд.
— Дар кучост ў?
— Дар ғори Амбал!
— Дар ҳамон ғори дур?
— Аз куҷо медонӣ?
— Абўзукур гуфта буд.
— Агар донӣ, ба ҳамон ғор биё... Ў танҳо, ман меравам...
— Шунидаам, аммо роҳи ғорро намедонам.
— Ҳамроҳи кӣ меравӣ ба ғор?
— Танҳо меравам... Касе набояд донад, ки...
Ин ҳарф ба Ваҳшӣ хуш омад, аммо зоҳир накард, балки пас-пас рафта ба камар даромад, то андар сафедии барф касе ўро набинад.
Сангиной аз паси ў нигариста, донист, ки ин марди ғўл бараҳна аст; бар дўшу пову миён пўст кашидааст, аммо бараҳна метобад.
Сангиной хеле андеша кард – он қадар андеша, ки дигар мадори фикр кардан намонд... Думбааш ҳам хунук хўрд, ки хеста ҷониби камар омад ва садо баровард:
— Ана ҳу дар он ҷо – дар кунҷи камар халтачае ҳаст... хўрданиҳо дорад... Шумо ҳозир меравед ё саҳар?
— Ҳозир бояд равам. Абўзукур танҳо.
Чунин ҷавоби Ваҳшӣ барои санҷиш буд, ки занак чӣ мегўяд, зеро ў медонист, ки дар ин вақт ба роҳ баромадан осон нест; роҳи дурударози ноҳамвор паҳлавонро низ хаста мекунад, хатари даррандаҳо ҳам кам нест...
Сангиной дар андеша буд, ки чӣ кор кунад. Вай дари камар рост истода, мехост, ки халтачаро бори дигар ба ёди ў оварад, аммо ҷои андешаро дигар чиз гирифт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор