Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Ў қарор истод, магар сурфаро фарқ кард, ё Зукур чунин одати сурфидан надошт, ки бозистод. Ваҳшӣ боз гулў равшан кард, ки ў наҳаросад... «Одати нав, чунин одат надошт, намесулфид... наё, гуфта будам, боз омадааст».
— Сангиной, ин ман – ёри Абўзукур! – дами камар омада, садо дод Ваҳшӣ ва хомўш монд, ки ҷавобе меояд.
Сангиной рўи барфи сарду сахт карахт шуд. На пеш омаданро медонист ва на пас гаштанро. Тааҷҷуб кард. Чаро? Зукур куҷо шуд, ки... Дар замираш чизе ғалаён кард... Сангиной барфи рўгирифтаро ғарч-ғарч шикаста, чанд қадам пеш омад ва бозистод.
Дар торикии камар соҳиби овозро дуруст намедид ва гумон дошт, ки Зукур бо ў бозӣ мекунад. Дафъаи гузашта, ки аз ў чандон сер нашуда буд, барои қадри худро боло кардан, барои боз дар дили ў ҷой гирифтан, ширин тофтан... чунин рафтор мекунад.
— Сангиной, ин ман – ёри Абўзукур! – гўё дигар ҳарфро намедониста бошад, такрор кард Ваҳшӣ.
Сангиной овози ларзону бегонаро пай бурд, баргаштанӣ шуд ва андешаи «Зукур куҷост?» ўро боздошт. Касе бозӣ дорад ва ё кори деҳхудо Каттабибист, ки барои ба даст афтондан чунин кунад.
Гурехтанӣ шуд; якбора рўй тофту тохта худро ба боғ гирифтан хост, аммо пойҳояш ишкелзада барин ҷунбида натавонист, дар дилаш заррае шубҳа пайдо шуда, ҳисси кунҷкобӣ ўро ҷониби камар тела дод. Дилаш мерафт, пояш намекашид... Ва дид, ки дами камар миёни сиёҳии камару сафедии барф як симои ҳайвонӣ пайдо шуд. Сангиной тарсид, ҳаросид, ки чаро нагурехт. Ваҳшӣ пештар омада, дар сафедии барф чӣ шакл доштанашро намуд ва барои он ки дер нашавад ва аз ҳайбати ў занак нагурезад, даст пеш ёзид; андар каф чизеро дошта пеш ёзид ва Сангиной ба кафи дасти ў нигоҳ карда чизеро дид, вале ҷуръат накард, ки гирад ва ё пурсад. Ваҳшӣ боз пеш омад ва он чизро ба Сангиной дароз кард.
Сангиной пои пурпашму чанголи тези ҳайвонро дида ҳайрон монд ва нафаҳмид, ки чаро чунин рафтор мекунад ин ғўл. Нашинохт, ки панҷаи чист. Сўи Ваҳшӣ нигоҳ кард.
— Ҳамин...
Сангиной нафаҳмид, ки ин ҳарфи Ваҳшӣ чӣ маънӣ дорад.
Ваҳшӣ шарҳ надод. Гумон кард, ки аз наомадани Зукур ва нишона овардани ў занак ҳама чизро мефаҳмад. Аммо ў ба чизе сарфаҳм нарафт ва хаёл кард, ки Ваҳшӣ фиребаш мекунад.
— Абўзукур хирсро кушт!
Гўё ин дафъа фикрашро равшан фаҳмонд.
— Худи ў куҷост?
— Дар ғор... Омада натавонист...
Сангиной рўйи барф нишаст, ки чунин рафтор хоси занон бошад, гўё ба чунин рафтор дардашон сабук мешавад ва онҳо ҳама умр аз замин мадад меҷўянд; ҳар хеле ки бошад, занони тоҷик дар вазнинтарин лаҳзаҳо ҳамин хел рафтор мекунанд: ягон ҳолати ногаҳонӣ шавад, кирдори нохуб рўй диҳад, касеро корд зананд ё парронанд, занон аввал бо кафи даст чашмонашонро мепўшанд, сонӣ ба замин мешинанд – ба таврашон як навъ эътироз...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор