Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Сардии яхоб то фарқи сар расид ва кўзаро монда, дамашро рост карда, белро гирифт ва ҷониби Зукур рафт.
Ба нўги бел тела дода, якпаҳлў гардонд ўро, ки даст ҳаром кардан намехоста бошад. «Кушандаи ман...» пичингомез буд суханаш, зеро шах шудани ҷасади ўро пай бурд. Зукур беранг ва гирди лабонаш кабудча гашта, гунгу хомўш буд ва Ваҳшӣ аз мурдаи ў ҳам гунгтар...
Ваҳшӣ бел зад ба барф. Гўросо кофт ва Зукурро кашола карда он ҷо хобонду ба рўяш барф кашида паҳлўи гўшту пўсти хирс гўронд ва гўё хотирҷамъ шуда дар «ҷогаҳаш» дароз кашид. Ба назар осуда шуд, аммо пурташвиштарин шаб ҳамин шаб буд, дарозтарин шаб ҳамин шаб буд... Хоб набуд ўро ва фикрҳои мағшушу парешон ҷисму ҷони ўро мефишурданд: рўзи саввуми моҳи нав дар камари Сурхнова ҳозир шавад ё на? Хабари марги Зукурро ба Сангиной барад ё на? Худ ба худ рад мекард, ин андешаро – чӣ лозим асрори хешро фош кардан? Умраш дар танҳоӣ тай шуд, боз мегузарад... Фикр мекарду ғел мегашт, то андеша аз сараш дур равад, аммо дар мағзу майнааш ширеш шуда буд ин фикр.
... Чашми рўз кафам-накафам, чунон ки қувваи зўре тела дода бошад, аз ғор бадар рафт. Дар пойҳояш пўсти зиёдеро печонда, аз нўги пои хирс чанголашро бурида, паҳлўи корду ғилоф баста, баромад ва бо ҳамон роҳе, ки Зукур рафта меомад, равон шуд, лекин намедонист, ки шабро дар куҷо рўз мекунад; равон шуд, аммо маълум набуд, ки ба пешвози марг меравад ё ба истиқболи бахт?
Гўё Ваҳшӣ ин чизҳоро намефаҳмид – ҳама кораш таваккалист...
Ваҳшӣ азоб кашид. Пўсти пойҳояш нам кашиданд, хунук хўрд, гушна монд ва боз ҳаяҷони зиёд танашро меларзонду азоб медод, ки оқибаташ чӣ шавад? Дар китфи шахи Сафед, паҳлўи харсанг ҳам аз хунукӣ, ҳам аз ҳаяҷон, ҳам аз тарс меларзид, вале дар миёни бомҳои барфпўш, рўи заминҳои сафед касеро намедид, ки ҷониби шахи Сафед менигариста бошад; ноумед буд, ки ё рўзро хато кардааст ё деҳаро... Нишасту нишаст, касеро надид, таъсири сармо аз мағзи устухонаш гузашт; бегоҳ шуд ва ў пас гашта, аз ҷои ҳамвортари адир болои осиёи бебору хомўш фуромад ва шомгоҳ ба Сурхнова рафт. Камар хушк буд. Моҳи чаҳоррўза натобад ҳам, сафедии барф сиёҳӣ ва ояндаро аён нишон медод... Меомад касе. Боғро гузашта, рахнаи деворро убур карда, дарун-даруни сойча сўи камар меомад ва Ваҳшӣ аз ҳаяҷон ба пешгаҳи торики камар ҷо мешуд, ки оянда ўро дар чунин ҳол дида заҳракаф нашавад. Пушт бар девори камар такя гузошт ва пай бурд, ки чизе ба девораи камар гурс-гурс мезанад ва садояш дар камар паҳн мешавад; гумонаш, касе ба пушташ мекўфта бошад; тахтапушт аз девора гирад, садо гум мешавад. Меояд касе. Тапиши дили Ваҳширо меафзояд. Ваҳшӣ надонад, ки ба пешвози ў барояд ё ба камар фурўтар равад... «Уҳу!» сурфид Ваҳшӣ, то оянда натарсад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор