Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Вай зинда... ё-ё-ё???:
— Зинда, зинда!
Ва бовар кард ў. Ба дидораш умед баст, то ўро зинда дарёбад.
Зинда дарёбад, зиндагиро аз сари нав оғоз кунад; дар кўҳу камар, дар хафоли гургу хирс бошад ҳам, ҳамроҳи Зукур бошад. Дар олами ҳайвонот, дар гуруснагиҳо гардад, лекин ба деҳа барнагардад.
Мепиндорад, ки чизи қиматбаҳоро гум карда, акнун дар ёдаш месўзад, ба қадраш мерасад. Зеро аз барои ў деҳагурез шудааст: аз талху пичинги мардум, аз гушна, аз таъна, аз масхараи онҳо. Аз ҳама бадаш суханҳои Тўраи Ланг; ин ҷонвари Худо базўр нўги пои рости кўтоҳашро ба замин расонда, монанди гаҳвораҷунбон лангар хўрда-лангар хўрда, ба Сангиной наздик мешавад; абрў парронда, дандонҳои резаи сип-сиёҳашро намудаву хандида, хоҳиш мекунад, ки ягон ҷо рафта, хокмолак кунанд. Аввалҳо Сангиной маънии хокмолаки ўро намефаҳмид, аммо шунида буд, ки ҳайвонҳову паррандаҳо баҳорон хокмолак мекунанд – ба хок ғел мезананд, худро ба хок меҷўлонанд, вале ба хок ҷўлидану ғел задани онҳо чӣ лозим? Ё... ба бефаҳмиаш девонагиаш мадад мекард ва ў ба суханони Тўраи Ланг эътибор надода ва ё баъзан пурхашм нигоҳ карда, ба роҳи худ равон мешуд. Чунин рафтори ўро Тўраи Ланг гоҳ ҳақорат медонист, гоҳ аломати ризо ва аз пасаш кашол шуда мерафт, ки Сангиной ўро ба хокмолак мебарад. Сангиной қасдан ҷониби кўҳ мерафт, ки як пой дарозу як пой кўтоҳ дар доманаи адир ҳайрон мондани Лангро тамошо кунад ва ҳаш-ҳаш карда, аз пасаш чорпо ба фароз рост шуданашро бинад ва рўбоҳвор аз дунболи ў нигоҳ карда монданашро низ.
— Хокмолак бикун! Ғел бизан! Харвор ғел бизан! Ана хоки нарм дар он ҷо, дар камар!
Тўраи Ланг мефаҳмид, ки Сангиной масхара мекунад, ришак мекашид: «Хайр, ба дастам меафтӣ!»
Вале Сангиной ба дасти ў наафтид. Ба ростӣ, дар деҳа боз мардоне буданд, ки ўро ақлбохта пиндошта, ҳар чиз мегуфтанд.
Сангиной мефаҳмиду худро ба нодонӣ мезад ва хулоса мекард, ки хоки мардонро аз як хоктўда гирифтаанд ва боз ҳамаи он ба як хамӣ мерезад, барои теппаи нав сохтан; ҳамаашон якранг, якнигоҳ, якнафс ва баддилу бадкирдор; дар ҳама ҳолат аз нияташон даст намекашанд ва дар ҳама гуна замонҳо аз ҳама гуна зан як чиз мехоҳанд ва гумон доранд, ки занони хунуку камақлу девонаавзоъ зудтар ба гуфтаи онҳо сар мефароранд...
Ва ҳоло рў ба рўи Ваҳшӣ, ки намедонад аз дили ў чӣ мегузарад, истода, гумон мекунад, ки Зукур аз ин гуна лангҳо, касалиҳо, худро маҷрўҳсохтагон як сару гардан боло меистад ва агар он кори пастро намекард – намегурехт, дар дунё авлотар аз ў марде набуд...
Аммо чанд дафъа, ки Зукур меомаду тафси дилашро хунук карда мерафт; дар бораи зиндагӣ, оянда, падару модараш, Сангиной, мақсаду мароми худ чизе намегуфт ва пай мебурд, ки ҳаёти ў аз ҳаёти ҳайвон ҳам батару бематлаб аст, ғашаш меомад...

пешина
аз 429
навбатӣ