Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Хуб.
Занак аз паси мўйсафед равон шуд. Ва ҳар лаҳза аз дил мегузаронд, ки пиракӣ барои бекас буданаш ўро ҳамроҳ бурданист.
Мўйсафед то назди дарвозае лом нагуфта ва боре ҳам ба пас нигоҳ накарда, рафт. Оқибат, назди дарвоза қарор гирифта «Ана ҳамин»
гуфт. Баъд ларзида-ларзида аз кисаи паҳлўи куртаи қадимадўхти то сари зону дарозаш калидро бароварда ба занак дароз кард, ки қуфли дарвозаро кушояд. «Ана ҳамин» ба ҳавлӣ даромада боз таъкид кард ў.
— Маъқул?
— Мешавад, бобо.
— Лекин ман дар хона касе надорам, ки ба ту ягон зиёфат тайёр кунад.
— Чӣ лозим?
— Охир, ту аз раҳи дур омадӣ, гушна, ташна... Ҳавлии ман дур не, ана ҳамин, – тарафи ростро нишон дода гуфт ў.– Агар хоҳӣ, худат рафта ягон чиз тайёр бикун...
— Раҳмат, бобо.
— Бекасию танҳоӣ азоби сахт будааст. Мешинам-мешинам, зиқ, ки шудам, кўча мебароям, чӣ хеле, ки дидӣ, ҳамин рўзҳо таги айвони чойхонаю ман.
— Хешу табор нест?
— Ҳамааш буд. Зан ҳам буд, бачча ҳам буд... Ҳозир нест...
Мурд, баромада рафт...
— Кӣ?
— Занҳо. Зани аввалам мурд. Дар пиронсолӣ зани дигар гирифтам, ду сол пеш аз ин баромада рафт...
— Писарҳо чӣ?
— Писарҳо калон. Баъзеаш соҳиби набера, вале ягонтааш нигоҳ намекунад. Ҳар кас ба ҳоли худ.
Занак ба хаёл рафт. Фарзандҳояшро пеши назар овард ва дигар нахост, ки ба мўйсафед саволҳо диҳад. Мўйсафед хомўш мондани занакро аломати хастагӣ ва ё нохушие донист. «Хайр, дам гир, ман рафтам, ягон чиз лозим шавад, ана ҳў, аз сари он девори танўрхона ҷеғ мезанӣ», гуфта равон шуд.
Занак, ки ҳоло азмаш гарм буд, сатили дар кунҷи айвон парў гузоштаро гирифта аз дарвоза берун баромад. Аввал гўё ки касе барои об гирифтанаш ўро танбеҳ медода бошад, кўчаро тоза карда, баъд аз ҷўй об гирифта даромад. Зери айвон, роҳрав ва таги дарвозаро об зада, рўфт. Айвон гарм гуфта зери марза шол андохт, кўрпача баровард ва зани хона шуда нишаст. Баъде, ки худро дар як ҳавлӣ танҳо дида ва пай бурд, ки касе ба ў чизе намегўяд, хўҷаинӣ намекунад, ҳатто касе аз будану набуданаш бохабар нест, худро ноҳинҷор ҳис кард.

пешина
аз 429
навбатӣ