Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ҳоло Искандари Таги Ғор гўй…
— Искандари Таги Ғор.
— Ту кӣ мешавӣ, духтар?
— Шинос.
— Мехоҳӣ, ки ўро бинӣ?
— Барои ҳамин омадам.
— Набошад, ба овул рав.
— Охи, овулро намедонам...
— Мехоҳӣ, ки дар хонааш даромада шинӣ?
— Агар бемалол бошад.
— Бемалол, ҳамсояи мо мешавӣ, калиди ҳавлии ў дар дасти ман.
Пирамард қомати хамидаашро бардошта хест ва асои дар девор такя гузоштаро гирифта долсурат ба роҳ даромад. Занак аз паси ў равон шуд. Пирамард ниҳоят суст мегашт ва боз дар роҳҳо истода ба пасаш менигарист, ки занак ба пои ў омада тавонад ё на? «Роҳ гард, духтарам, қариб расидем. Деҳа чунон калон шуда рафтааст, ки кас ба андак вақт ба манзил расида натавонад. Тез гард, духтар».
Занак аз дунболи пирамард мерафт ва раҳораҳ аз дил мегузаронд, ки чаро ин мард ин қадар зуд ба ҳама чиз розӣ шуд, калидро ба ихтиёраш додан мехоҳад. Каме қадами ў суст шуд. Пирамард ин аҳволро пай бурд, ки пас гашта, нигарист ва занакро дур дида ба ҳайрат афтод, чашмон андаке танг карда пурсид:
— Гумон мекунӣ, ки туро фиреб медиҳам?.. Ин хел бошад, метавонӣ баргашта равӣ. Ба оҷизаи роҳгум буданат дилам сўхта, некӣ кардан хостам...
— Не, ота, ман ҳамин хел нигоҳ дорам, ки деҳа чӣ хел дигаргун шудааст...
— Ҳа, духтар, хеле дигаргун... Кадом сол ин ҷо будӣ?
— Ёд надорам.
— Аслат аз куҷо?
— Намедонам.
Пирамард ба ў нигарист. Сараш ларзидан гирифт. Баъд чашмони камнурашро ба ў дўхта, ба гап даромад:
— Ту ҳам мисли ман бекас менамоӣ?
— Не, бобо, ман бекас нестам, шў дорам, писару духтарҳо дорам, ҷоҳу ҷалол дорам...
— Набошад, чаро танҳо киҳоеро суроғ карда гаштаӣ?
— Як намакхўрда чил сол андеша дорад, гуфтаанд.
— Ин хел бошад, туро бо ягон кас ҳамроҳ мекунам, овул рафта, ўро бин... Ё шишта ист, ба ягон кас таъин мекунам, худи Самандар меояд.

пешина
аз 429
навбатӣ