Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Аз рўдак як каф об хўрд ва пай бурд, ки ба куҷое сахт расид, ки аламаш аз алами хори пояш кам набуд; вале пай набурд, ки зарба ба дилаш буд ё ба асабаш; гумонаш, ки оби сард сари дилашро, гулўяшро равшан карда гузашт, аммо якбора сахт расид – аввал ба дилаш зад, сонӣ ба танаш паҳн шуд. Ҳамон замон хунук хўрд ва нагузошт, ки роҳашро идома диҳад. Нишаст, пой ёзид ва пай бурд, ки ҳоло ҳам як қулт об дар танаш медавад ҳамчу заҳр...
Қад-қади об мерафт, муқобили об мерафт. Ба об осон буд, ба зер мешорид, ба ў душвор буд, боло мерафт. Ҳоло фарозҳоро бояд барояд, сангпарҳоро бипаррад, сою сойчаҳоро гузарад ва баъд фарози поёни ғорро барояд, ки як ҷувол ҷон мехоҳад.
Дигар мадори гаштан намонд. Дар торикӣ хеле гашт, лангону кашолу молон то доманаи ғори Амбал расид ва афтид, пасрў афтид ва дар торикӣ надид, ки боз ба хор дучор омад. Афтиду аз таъсири хор паҳлў гашт ва гўё мурд...
...Бедор шуд. Дастонашро ҷунбонд, баданашро нобоварона дошт, ки наход ҳоло ҳам зинда бошад? Ситораҳои зиёди осмонро дид, сардии бодро пай бурд, садои обро шунид... дарёфт, ки зинда аст. «Мемурдам, хубтар буд». Фикраш ба кор даромад...
Аз осмон моҳи ғайбзадаро меҷуст. Ба ҷои моҳ пеши назараш дигар чиз ҷилва кард, ки бояд баъди фавташ чунин рўй медод: дар осмон каргасҳо дуру дароз давр зада, мурда ва ё зинда будани Зукурро фаҳмиданӣ мешуданд ва ҳамин ки дергоҳ наҷунбидани ўро диданд, фаромада, аввал дар гирду атрофаш гашта, сонӣ ба болояш баромада, чанголи дағалашонро ба сари сина, рўй, бар бозувонаш монда ё тори сар истода, ба чашмаш минқор мезананд, мекафонанд, обашро мебароранд, пасон нўлҳоро анбўр карда, чунон сахт дошта мекашанд, ки чашму гўшту равғани гирдаш кашола шуда мебарояд; зоғу заған меояд, шағолу рўбоҳ меояд, гурбаи ваҳшӣ меояд, гургу хук меояд ва ҳама-ҳама. Фақат Ваҳшӣ аз он баландӣ рези каргасҳоро – лошахўрҳоро тамошо карда, мепиндорад, ки ягон ҳайвони гаргин – касали аз мол монда ҳаром мурдааст ё даррандае чизеро дарида, нимхўр бозмонда рафтааст ё худ мурдаи бесоҳибе он ҷост, ки ин қадар ҷонварон рез доранд, аммо хаёл ҳам намекунад, ки Зукур мурдааст, Абўшукур мурдааст. Рези каргасҳоро мебинад аз он баландӣ, ба фаромада дидан хушаш намеояд... Ҳа-а, ҳамин хел... Аз ў устухон мемонад, ки ҳамон низ мегандад, хушк мешавад ва ягон рўз Ваҳшӣ аз ин роҳ гузашта, искилети дарози ўро мебинад, ки дандонҳо зиҳ зада, дар хонаи чашмаш занбўрҳо хона мондаанд, дар қафасаи танаш тортанакҳо танидаанд, калтакалос ба хафолу қабати сангҳо медаромадагӣ барин ба зераш, миёни кабурғаҳояш, ба даҳонаш, ба дарунаш медарояд, мор бар қадаш хобида, баробари пайдо шудани Ваҳшӣ сар бардошта, забони сиёҳашро бозӣ медоронад, «фаш!»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор