Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

мегўяд... Ваҳшӣ тамошо мекунаду гузаро мешавад: «Кӣ бошад? Ўро кӣ кушта бошад?» мегўяд ва қисмати худро андеша мекунад ва хамин ки шаби дароз дар ғори Амбал пеши назараш искилет меояд, дандонҳои зиҳзадаи ваҳмовар ўро метарсонанд, ғашашро меоранд, андешаашро меафзоянд... Худро ба ҷои мурда мепиндорад, ки ин ҳол метавонад бо ў низ рух занад... дар фикру таҳлукаи гўрондани искилет мешавад...
Хаёл бувад ин ҳама. Чунин хаёли пуршиддат ўро монда кард, ки дар ҳавои сарди тирамоҳ арақаш баромад... Зинда аст ў. Дарди пояш монда, нешҳои ба сару рўяш халида ҳам чандон озор надоранд. Арақаш сард гашта андаке хунук хўрд ва пай бурд, ки дар танаш мадор омад. Фарозро баромада, то ғори Амбал рафта тавонад, аммо авлову афзал медонад, ки наҷунбад, роҳат кунад, ба ғор рафтан бошад, пагоҳ ҳам меравад... Рўболо ситораҳоро тамошо мекарду ба фикру андеша фурў мерафт ва медонист, ки дар ин ғояти шаб тарсаш камтар шуд; медонист, ки дар наздикиҳо касе зиндагӣ мекунад, ки дар ин кўҳистони бекасу пурвоҳима хубтар аз вай ҳамроҳ ҷустан муҳол аст; ҳоло ҳам то ба он кас расидан фарози якростро ду-се соат паймудан рост меояд ва бо пои лангони ў зиёдтар. Зукур ўро ҳамсоя медонад ва ҳатто мадору қуввати дил, ки рафту даррандае ҳамлавар шавад, ўро ба ёрӣ мехонад, ҳарчанд медонад, ки ба дод гуфтан садояш то ба он ҷо намерасад, кашу фархаши ў ва даррандаро Ваҳшӣ намебинад...
Равшании шабчароғ барин дар замираш нишот пайдо шуд ва гумон кард, ки равшанӣ аз ситораҳо меояд... Зукур мисли дигар инсонҳо гузаштаашро пеши назар намеорад, ба фикру хаёли рўзгори сипарӣ намеравад, балки ояндаро фикр мекунад, ғами фардоро мехўрад. «Оқибат чӣ шавад?» мепурсад аз худ ва ҳар гоҳ, ки дар хаёлаш оянда барор надод, аз карда пушаймон мегардад ва боз дар бораи он андеша мекунад, ки ба ғор равад, Ваҳшӣ ўро чӣ гуна пазироӣ мекунад; оё рафтори онрўзаашро масхара намедонад? Оё ҳоло ҳам аз номи Абўшукур метарсад? Акнун ба сари Зукур зад, ки барои чӣ он рўз ин қадар башитоб ба деҳа рафт, чаро ин қадар дар таҳлука афтода, тарси фош шудани сирашро фаромўш карда, ба Ваҳшӣ чизе нагуфта, гурехт; аз ғору соҳиби ғор, аз ҳаракатҳои номаълуму норавшани ў гурехт... ва ҳамин ки Сангинойро дарёфт, ҳама чизро фаромўш кард, вагарна мурод аз деҳа рафтан мужда расонидан буд – муждаи зинда будани Абўшукур – ба ҳаёли ў. Аммо ҳоло фикр мекунад, ки аз он айём қариб бист сол гузаштааст, падараш ба панҷоҳ дакка мехўрад ва бобояш муқаррар таги ҳафтод мешавад, вале тарҳи рўи Ваҳшӣ ҷавон метобад – ҳамсоли падараш...
Зукур симои падарро пеши назар оварда, бо Ваҳшӣ муқоиса мекунад, монандие пайдо карда наметавонад: падараш низ ришу мўйлаб дорад – аз они Ваҳшӣ барин сиёҳу ғуллӣ, лекин батартиби қайчизада ва мўи сарашро ҳар гоҳ метарошад, монанди ришу мўи сари Ваҳшӣ ҷангали Мозандарон не.

пешина
аз 429
навбатӣ