Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Охир ман чӣ гуноҳ дорам?!
— Бандед! Баред! – қатъӣ буд фармони намоянда, иҷро накардан имкон надошт.
Мебурданд ва касе намедонист, ки куҷо мебаранд...

...Ба тани Зукур ларза даромад. Рўз нашуда парида хест ва ҳамчу гурги тирхўрда ланг-лангон роҳашро идома дод; аз озори пои хорзада ба танг омада, тобу тавон ҷамъ карда, қадам мезад...
Мегурехт: аз фаро расидани рўз, аз тарс, аз номардии хеш, аз даҳшати дилу мағзи сари худ мегурехт; аз андешаи андаке пеш доштааш – трибунал мегурехт, аз манзараи хаёлии дар хонаи падарарўс дидааш мегурехт ва ҳайрон буд, ки чаро бори шиканҷаро падару модари ў не, балки падарарўсу модарарўс ва Сангиной мекашанд... ва боз барои он мегурехт, ки ланг аст, танбал аст, илоҷи тез гаштан надорад. Мегурехту ба пас менигарист, ки дар умраш ду бори дигар ҳамин хел гурехта, ҳамчу хирси тирхўрда ба пас нигариста буд: ҳангоми аз истгоҳи қатор гурехтан ва гоҳи аз ғори Амбал рафтан...
Пояш ба санг хўрд, ҷонаш баромад: дилаш гум зад ва чашмонаш сиёҳӣ. Бознишаст. Ва акнун дар равшании рўз медид, ки дар пояш хор ҳаст ё на? Туф кард ба ангушташ ва ба ҷойи хори халида молида-молида, гўё тоза кард ва бо сарангушту нарангушт он ҷоро анбўрак дошта, пахш кард, ки хор метобад ё на? Агар пояш кафидаву ворафта набуд, агар тоза буду қарқнабаста, аз фишор хуни пояш гурехта, пўст сафед гашта, хорро дидан имкон дошт, аммо дар чунин ҳолат, ки ранги пояш аз ранги замини сиёҳ фарқ намекард, хор натофт. Ба ҳар ҳол дар миёни сиёҳиҳо дарёфт, ки боз нуқтаи сиёҳаке ҳаст – хор, аммо илоҷи гирифтан надорад: сўзан лозим ё сўзанак. Корд ҳам надорад, ки бо неши он пўсти пойро чок карда, хорро гирад. Хеле истод, сонӣ хоре аз хорбутта канд, ки воситаи он хорро барорад, аммо зўри хор ба пўсти чармгаштаи пояш нарасид; неш мехалонду бардоштан мехост... мешикаст. Кофту кофт пояшро хуншор кард ва хор нопадид гашт миёни хун. Бо ангуштони дасти чап медошту мефишурд, анбўргир сахттар пахш мекард, то хор барояд, аммо хун мебаромад. Хунро тоза мекард, то хорро бинад, боз хун рўи хорро мепўшид. Монда шуд. Дароз ёзид, то нерў пайдо карда аз нав ба роҳ дарояд. Луқ-луқ мекард пайи хор, сих мезад, ба назараш фурўтар мерафт. Тоқатфарсо буд дардаш. Боз пой пеш оварда, дид, ки хун карахш бастааст. Гўё дилаш не, пояш мегуфт, ки гурезад, дардаш сабук мешавад...
Бархост. Лангон ба роҳ даромад... Ба об рафт,. Дастурўй шуст, аммо аз ғусл кардан тарсид, ки пояш об дуздида, газак карда, ҷароҳат калон мешавад ва... Либос бадар кард, лаби об нишаст.
Ба пушт даруни об лағжид, пойи хорзадаро рўйи санг боло гузошта, дар оби сард ғусл кард, қарқи танашро молиду шуст ва боз либоси чиркинро пўшид...

пешина
аз 429
навбатӣ