Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сангиной зону оғўш карда буд. Худро кару гунг вонамуд мекард ва чунон ки дарку эҳсос надошта бошад. Чӣ ҳарфи онҳо, чӣ ҳарфи модар асар надошт ба ў...
— Бардо-о-ор!!!
Каттабибӣ рў ба рўи чашмаш даҳони кушоду калони намояндаро дид ва донист, ки муроҷиат ба ў будааст. Худро гум кард ва надонист чӣ кор кунад, чун ҷавоб гардонад ба ў... Лагад зад Сангинойро: «Хез»! Гўё ягона роҳи ба намоянда ҷавоб гуфтан ҳамин буд. Сангиной наҷунбид, аммо модар ба Каттабибӣ дарафтод:
— Аввал зой, баъд зан ба пой!
Каттабибӣ ўро тела дод ва ба ҳарфаш чизе нагуфт, зеро нав набуд таънаи мардум ба безурётии ў. Аламаш дучанд шуд ва аз мўи парешони Сангиной дошта бардошт... Сангиной вазн андохта буд, чунон вонамуд мекард, ки дардро эҳсос намекунад.
Падари Сангиной пайдо шуд ва чунин ҳолро дида пеш омад ва аз банди дасти Каттабибӣ дошт.
— Ҳа-а-а, ана пушту паноҳ... – мўи сари духтарро сар дод Каттабибӣ ва дасти падарро дошт: – Пеш даро!
Қатъӣ ва кўтоҳ буд сўҳбату фармон ва бармеомад, ки онҳо танҳо барои пеш андохта бурдани яке омада бошанд.
— Чист муроду матлаби шумо? – ё ба воқеа сарфаҳм намерафт ва ё хештан ба нодонӣ мезад.
— О рўбоҳ-э-э, о маккор-э-э! Гўё намедонӣ, ки домодат аз ҷанг гурехта, ҳар шаб дар паҳлўят ҷо мешавад...
— Хайр, ин чиз ба шумо маълум бошад, чаро ўро неву моро азоб медиҳед? Модом ки Каттабибӣ аз ҷойи хоби ў огоҳ бошанд, он кас медонанд ҳолро... пас чаро истинтоқ аз мо? – умумӣ ҳарф мезад падари Сангиной, баъд ба Каттабибӣ рў овард: – Пас дасти туро бояд баст, пас туро пеш андохта бояд бурд!.. Замони зўрӣ, замони ситам кай хотима меёбад?
— Инҳоро бубинед... Ҳам гуноҳ мекунанд, ҳам шаттоҳӣ... Охир кӣ ёд додааст ба ў, ки аз ҷанг гурезад?
— Ин ба Худо маълум, касе надидааст... Бо гумон ҳамаро нобуд сохтан хуб нест.
— Гумон нест, яқин аст, пирхар! Охир духтари ту чаро девонагӣ мекунад? Парӣ дигар духтар наёфт, ки ба ҳамин ҳабатаи ту нигоҳ кард?
— Баланд нарав, Каттабибӣ! Ман пирхар бошам, ту мочахар!
— Мўйсафед, чӣ боло мегирӣ? – ҳамроҳ шуд намоянда, ки ҳарфи тоҷикиро фаҳмида бошад.
— Ман ба шумо чизе намегўям, шумо ситампеша шудаед, ҳазор гап – як пул, донистаатонро мекунед, хостаатонро мекунед...
Ситами шумо танҳо барои ман мебуд, кори осон буд, ҷабратон умумӣ шудааст, касе ба назаратон зишт тобад, бадрў тобад, қуръаи бад ба номи ў меафтад...

пешина
аз 429
навбатӣ