Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Зуъм кард худ ба худ, аз ҷой ҷунбидан нахост: бигзор рўзи калон шавад, офтоб барояд; ўро одамон бинанд, дастгир карда баранд, ба трибунал супоранд... осонтар аст аз ин азоб: якбора... халос мехўрад – аз ҳама чиз халос мехўрад: аз азоби гуруснагӣ, аз дарди пой, аз тарсу ларз ҳам...
...ва коре, ки дар он ҷо шуд, ба ў маълум гашт: Сангинойро доштанд. «Девона пайдо шуд» гуфтанду доштанд, истинтоқ карданд:
— Он гуреза дар куҷост?
— Ҳар гоҳ куҷо гум мешавӣ, занак?... Пеши кӣ меравӣ?
Сангиной ба ягон ҳарфи эшон ҷавоб намедиҳад: раиси ҷамоат Каттабибиро мешиносад, аммо мардаки шапкабасари таппончадорро не, лафзашро ҳам намефаҳмад ва ҳар бор Каттабибӣ саволи ўро тарҷума карда мепурсад ва садояш аз садои намояндаи Комиссариати маорифи халқ баландтар мебарояд.
— Қанчиқча, шўи гурезаат дар куҷост?
Мепурсад Каттабибӣ, иллат карда, дашном дода ва як мушт зада, то ў тарсида ҷавоб гўяд. Аммо Сангиной мисли санг аст, мулўҳ аст, кулўхи баччашм... намешунавад, намебинад, намегўяд.
— Бо дев, ки шиштӣ, аз ту одамгарӣ мебарояд!?
— …
— Бурдан даркор... Дар ҳамон ҷо азобашро кашад, сонӣ мегўяд...
Ин ишораи Каттабибиро худаш мефаҳмаду намоянда ва падару модари Сангиной, ки яқин ҷои хуб нест он ҷо.
— Бардоред! – фармон дод Каттабибӣ ва модари Сангиной дарафтид, ки ў ақлбохта аст, париҳо ўро мебаранд, – Агар хоҳед, ки ба шумо осебе нарасад, ба ў кордор нашавед, вагарна париҳо дар роҳ шуморо азоб медиҳанд.
— Бардор! – ин садои намоянда буд. – Ин мардум ба ҷуз Худову деву парӣ чизи дигарро намедонанд! Мусулмонҳо!
Вале маълум набуд, ки кӣ бояд бардорад. Намояндаву Каттабибӣ ва чанд тани дигар аз идоранишинони колхоз буданду як маҷрўҳи чигасдори ҷанг. Аз ҳозирон танҳо зўри Каттабибӣ мерасиду зўри намоянда. Садои намоянда як фармони зўрӣ буд ва бояд иҷро мешуд. Аммо Каттабибӣ набардошт, марди чигасдор набардошт, худи намоянда набардошт ва зўри каси дигар намерасид ба бардоштани ў... Модар хост ўро бардорад:
— Хез, ҷони оча... Хез, инҳо худозадаро мезананд... Наход набинанд, ки туро озор додан раво нест... Агар омадани Зукур рост бошад, чаро ба ман нагуфтӣ? Агар рост бошад, бихезу бираву биёр...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор