Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ғамбодаи ба сони донаи зардолу дар гулўяш сахтшударо баргардонда фурў бурдан мехост, аммо дар даҳонаш, ҳалқаш нам набуд, то бо ёрии он донаи гулўгирро фурў барад, даст андохта кори табибони хурўсаккафону гулўгирро карданӣ мешуд... аз беҳузуршавии меъда тарсида, аз ғарора ибо карда, даст боздошт.
— Маро монда, рафтан мехоҳӣ-а?
— Не-е... Мегўям, ки баъд чӣ мешуда бошад?
— Кори ман?
— Не, қисмати ман... Як умр девона мегашта бошам?
— Не, Сангиной, ту боз миёни мардум мешавӣ, лекин ман умрбод радди маърака...

XII

Зукур танҳо ҳамин лаҳза пай бурд, ки чоруқро эҳтиёт кардан лозим будааст, то дар ин субҳи козиб ин қадар азоб намекашид; пойи озурдаро кафи даст дошта вовайло намерафт: «Худо нишон дод... Фоли бад», намегуфт. Андаке пеш – вақте ки ў Сангинойро аз рахнаи боғ гузаронду худаш ба Сурхнова рост шуд, фазо равшан буд, вале ба саргаҳи Сурхнова нарасида, фазо аз нав тира гашт, ки ў пеши пояшро намедид. Карти дар пошнаи пой халиданашро медонаду «уҳ!» гуфтанашро, аммо ба думба ба замин заданашро намедонад, зеро хор чунон сахт фурў ғўтид, ки озораш ҳам, садои ба устухон расиданаш ҳам, рост ба мағзи сар рафт. Чашмон пўшида, дандон ба дандон монда, бо ангушт палмосид, ки хор нашикаста бошад, боэҳтиёт кашида гирад. Маълум набуд; ё зада баромадааст ва ё тамоман фурў рафтааст. Гумон кард, ки хор мисли сўзани муҳаррик дар ҷисму ҷонаш кора карда, то мағзи сар меравад ва баъд дар тору пудаш дард медўзад. Ў намедонад, ки айби даридагии чоруқ аст ё гуноҳи дигаре? Агар чоруқ нав мебуд ҳам, ин хор бо чунин шаст фурў мерафт. Пас айб дар дигар ҷо:
ҳам гуноҳаш азим ва ҳам нопок аст, ки ин чизҳоро худаш нағз медонад... Дар аввал хор хори муқаррарӣ намуд, пасон пиндошт, ки барои андармону боздоштани ў халидааст. Хор корашро кард, акнун навбати онҳо. Дандону ҷисму ҷон, лабу чашм мефишурд, ки ё ба дард тоқат кунад ва ё бо чунин зўр хор аз пой бадар ояд...
Ў гирист, аммо маълум набуд, ки барои чӣ? Барои фиреби гўшҳояш, ки гўё таъқибаш мекунанд, барои дарди пояш ва ё барои то субҳ саломат расиданаш? Мегирист: лабонаш ларзида, ангушт мушт карда; ба ҳоли худ ба рўзи худ, ба қисмати худ мегирист, ки гўё ин баччаи қобилу арзандаву гапгирро хор дошта бошанд; барои кори дилхоҳаш рухсат надода бошанд. Хориаш омад ба қадраш сўхт, ки сагсурат мурда меравад, касе парво надорад, касе аз пайи мурдаву зиндааш нест – на падар, на модар... баръакс аз орган, аз ҷамоат дар суроғаш шудаанд, ки дошта...

пешина
аз 429
навбатӣ