Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Ў шўх намояд, ягон чиз гўяд.
Хилофи чашмдошти ў модар гапро аз дигар ҷой сар кард:
— Садқат бишам, биё фолат бинам.
— Лозим не. Дина ҳам яктаи шумо фол дида буд.
— Дурўғ нагў, садқат бишам, мо ҳамин рўз омадем.
— Аз зоти шумо кам не-ку! – Таъна зад соҳиба кунҷкобона.
Чинӣ ба ин гапҳо одат карда буд. Вале духтар рамид. Аз гармии даҳлез рухсораҳои духтар тафсида, рах-рах кафида, ҷо-ҷо хун баста буд. «Аз зоти шумо кам не-ку» гуфтани зан ба ў хеле гарон омад ва лаби поёнашро газид, Модараш чун одати ҷўгиён, шарм накарда, боз ба талаб даромад:
— Биё, садқат бишам, дер нашавад, фолат бинам.
— Хайр, фол бин!
— Сарфолӣ биёр.
Соҳибаи хона чизе нагуфта истод, баъд ба сухан даромад:
— Фол дидан гир, сонӣ медиҳам.
— Инту намешавад. Сарфолӣ – дарди сар холӣ. Хез, келинчаи нағз.
Арўс аз хонаи дарун як куртаи кўҳна баровард. Чинӣ боз чизи дигар талаб кард: «Сўзану ришта, собун, пиёзу қаланфур ҳам биёр».
— Эҳа-а, анаю...
— Хайр, аз ту чӣ мерад, садқат бишам? Надошта бошӣ, гапи дигар.
Арўс ҳама чизро муҳайё овард.
— Номат чӣ?
— Фолбин бошӣ, номамро ҳам худат гўй.
— Садқат бишам, дар ин дунё ҳам ном мепурсанд, дар он дунё ҳам.
— Номамро, ки надонӣ, чӣ хел фолбин? Шамшод – номам.
Фолбин ҳамон дам ба фолбинӣ даромад: «Бишамшод... (Ў касеро фол бинад «би»-ро ҳамроҳ карда суханашро давом медод.) Бишамшод, канӣ бигўед, чӣ фол бинам?»
Шамшоди шўх табассум зери лаб фурў нишонда «Падарамро фол бин» гуфт.
Ҷўгизан фол диданро сар кард:
— Шаб гўм, саҳар гўм, вақт гўм, бевақт гўм, рост гўм, дурўғ гўм, дур гўм, наздик гўм: як ҷавони нозанини хушқад, майли сўи ту дорад... Садқат бишам, гўй, падарат чикора буд?
— Худат ёб-дия!
— Ҳаминашро гўй, дигар талабе надорам.
— Ҷанг рафта буд.
— Шабу саҳар дар байни дуди ҷанг дилғеҷ мерафт. Як бор зери хок ҳам монда буд. Садақаҳояш радди бало шуданду офате нарасида. хест...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё