Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Вай оинаро рў ба рў дошта, афзуд:
— «Ҳа» гўм, «не» мегўд, «не» гўм, «ҳа» мегўд. Ба шумо дурўғ, ба Худо рост, ҳамун падаратон, ки навакак ҷавон гуфтам, риш дар банди дилаш мезанад. Миёнсол шудааст. Риши сиёҳаш расидааст, нўгашро намезанад. Димоғаш чоқ. Вақташ хуш. Ёди шуморо дорад, вале чизе ўро омадан нагузорад. Худам ҳам намедонам, ки вай чист, дар таги пояш аробаи чорчарха, нон мекашонад. Вай аз шумо хеле дур. Дар ҳамин ҷо душман дошт. Ўро маҷбуран бурданд, набошад, асло рафтанӣ набуд. Ҳоло ҳам душманаш ҳаст, дар ҳаёт, мехоҳад, аз шумо ниқор гирад. Ҳушёр бошед! Шаб гўм, саҳар гўм, вақт гўм, бевақт гўм, падаратон даромада меояд...»
Шамшод дурўғ будани фоли ў ва вафоти падарашро ҳам фаромўш кард. Вақте ки ба худ омад, табассум дар хами лабҳо шикаста, падарашро ёд овард ва парешонҳол шуд.
— Садқат бишам, хафа нашав.
— Чаро хафа шавам? – доман афшонда хест. Чизе нагуфта ба хона даромад, пас аз фурсате як корсон гандум, чормағзу тутмавиз гирифта баромад. Занак ғаниматҳоро ба халтааш ҷо кард, сонӣ ба соҳиба рў оварда, боз чизе талабид: «Садқат бишам, ҳезумат бошад, каме бите, ки имшаб аз хунукӣ мемурем». Ў чизе нагуфта ба ҳезумхона даромада ду-се чўб ҳезум баровард. Онҳо аз дарвоза берун шуданд. Ҳамон рўз чанд хонаро гаштанд, чанд соҳибхонаро фол диданд ва чанде тамаъ карданд, насиба гирифтанд. Вале дар хонаи усто Карим боз Чинӣ хафа шуд, занҳо не, худи усто дар бурҷи сандалӣ нишаста қиссаи духтари калониашро пурсид:
— Чинӣ, рост аст, ки писари Ҷунайд ба духтарат чашм ало кардааст?
— Усто, аз Худойқул ҳам ғариб омадӣ. Лингатро паҳн карда ба алов тоб дода шин, туро ба ин кор чӣ кор!
— Хайр, гўй, ки рост? Вай бетамиз дигар кас наёфт?
— Бинии пучуқата бод хўрад...
— Ҳой нарав, ҳозир кампир ягон чиз мебарорад. Ҳой, кампир!..
Вай дар оғил, ҳозир меояд. Кампир, ҳо кампир!... Поҳота гарм намекунӣ? Шин канӣ, дар даруни сандалӣ поҳоят чӣ хел...
Чинӣ ранҷид. Сахт ранҷид. Ҳатто солҳои ҷанг, ки аз хонаҳо дасти хушк мебаромад ва хонаҳоро аз халтаи худ ҳам ғарибтар медид, ин қадар хафа нашуда буд. «Мардум сер шудаанд, барои худ ягон дилхушӣ ёфтан мехоҳанд, ба қитиқи кас мерасанд», хаёл мекард ў.
— Ҳа, апаи Чинӣ, тез гаштӣ? – аз оғил баромада гуфт зани усто.
— Ба устоят халал нарасондам, то чатанаш хунук нашавад.
Зани усто ҳайрон монд. Чинӣ духтарашро пеш андохта аз дарвоза баромад. Чўбҳои ҳезуми зери бағал гирифтаи духтарча пасу пеш кашол шуда лағжида, меафтиданд. Ў хам шуда мегирифту боз роҳ мерафт.

пешина
аз 429
навбатӣ