Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чинӣ дарро пуршаст кушода баромад. Саг баромадани онҳоро поида истода будааст, ки фиғон бардошта омад. Чинӣ ин дафъа бо саг бозӣ накарда асояшро бардошта, кашидаю кушода сагро зад.
— Ҳой ҷўгӣ, ин чӣ гуи хўрдаат? Ҳамаатонро нархи як саг наме гирад, ҳе калтакат шиканад!
— Туро, ту берўро, нархи як саг гирад, мешад, ҳе садақаат сарата хўрад...
Дарвоза башаст пўшида шуд. Садои канда-канда ак задани саг меомад. Хуни Чинӣ ҷўшид, ки духтарро ҳам фаромўш карда тез гашт. «Боз дар ягон хона ин гапро пурсанд, дигар ба ягон дар намедароям, акнун худаш нон ёфта биёяд...» худ ба худ гуфт ў.
Духтарак ба танг омада аз паси ў кашола шуда мерафт. Кокулчаҳои ҷингилаи ўро боди хунуки барфомез, ки рўзҳои рўз меборид, бозӣ медошт. Дили ў хиҷил, рўҳу авзоъ парешон, пойҳояш мелағжид, баданаш меларзид. Дастҳои сармохўрдаро гоҳ ба даҳон бурда, гоҳе ба ҳам соида, зери бағал карда ва гоҳе ба кисаҳои палточаи дарида, ки модараш аз кадоме талабида гирифта буд, хаста, калўшҳои даридаву калонро кашола карда, мерафт. Тохт, то модарро расонад. Мадор надошт. Даҳон пур карда, ба модар чизе гуфтанӣ шуд, боз худдорӣ кард, чунин худдориҳо ба дилаш ҳам зад. Тоқат накарда, ба модар наздик шуд ва буғзи худро кафонд: «Оча, хунук хўрдам».
— Хайр, чӣ кунам, духтарам? Биё, ба хонаи ягон доранда равем, кўҳнаи баччаша мепурсам.
«Кўҳнаи баччаша...» аз дил гузаронд духтар. Ҳамон дам на аз таъсири хунукӣ, балки аз ҳиссиёти нохуше вуҷудаш такроран ларзид. Худдорӣ када натавонист, ашки гарм ба рухсораи сардаш шорид. Қатраҳои сиришки ў ба сари синааш чакида ҳамон лаҳза ба шакли марворид ях бастанд. Бод барфро, ки ба сони биринҷмайда мерехт, ба рўйҳои кафидаи духтар зада, ба ҷароҳат намак мепошид. Боз сухани модар ба гўшаш садо дод: «Кўҳнаи баччаша...» Вале дар сари Чинӣ фикри дигар, таънаи одамони «пок» давр мегашт.
Духтарак ба ҳар хонае, ки дарояд, ба баччаҳои соҳибхона ҳасад мебурд, орзуҳо мекард. Зери лаб пичиррос мезад: «Ман ҳам ҳаминҳо барин мепўшида бошам, ман ҳам мисли инҳо механдида бошам? Ман ҳам... Ман ҳам... Инро аз кӣ пурсам, аз очам? Ў албатта чизе нагўяд. Не, ба ҳеҷ кас намегўям. Пурсам, шаллоқ мехўрам...» Риштаи хаёли ўро садои дар бурид.
Чинӣ ҳар дареро кушояд, гумон кунад, ки аз ў ҳамон гапро мепурсанд: аввал салом дода, ба даҳони соҳибхона нигарад, баъд садақа талабад.
Онҳо ба чанд хона даромаданд. Ситораи соҳибаи ин хона гармӣ кард, ки Чинӣ дергоҳ нишаст. Дили духтарак дар тапиш аст, ҳозир модар аз соҳибхона чизе металабад.

пешина
аз 429
навбатӣ