Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

расид, бўи қаймоқи сўхта омад. Зери забонҳои яхбастаи онҳо об кушод... Кўдакҳои пушти ҷома гирифтаи занҳо низ ҷунбиданд.
Онҳо лаб ва гўшаҳои ҷомаю латтаҳои ба даҳон омадаро мемакиданд. Худойқул аз харҳо пеш гузашта, назди боғ бозистод. Дарвағнаро кушода, гўё ҳавлию ҳарами худаш бошад, озод даромад ва харҳоро як-як пеш оварда борҳояшонро фароварданд. Нисф дар боғхона ва нисфе дар ошхона бору буна партофтанд. Занҳо кўдакон аз пушти ҷомаҳо фароварда, рўи пахоли шолӣ нишонданд ва кўҳнаю колоро сомон карданӣ шуданд. Вале Чинӣ ба онҳо нигоҳ накарда, асою халтаашро гирифта, ҳамроҳи духтарчааш аз дарвоза баромад.
— Ҳушёр шав, боз ягонтааш аз банди пои ту ҳам нақапад! – ба зан киноя зад Худойқул.
— Куҷои мана меқапад, даст занад, устухони қоқам дасташро мебуррад, – дар ин муддат хеле коҳидани худро дар назар дошт ў.
Модару духтар ба дарвозаи аввал – дарвозаи дутабақаи сабз дохил шуданд. Саги сиёҳи хирссурат фиғон бардошта омад. «Сагро баддидааш – ҷўгӣ» гуфта Чинӣ асояшро ба пушт дароз дошт, то саг фиреб хўрда наздиктар наояд. Саг нўги асоро хоида-хоида меомад ва баъзан кашида гирифтанӣ мешуд. Занак асоро мисли мор ба ду тараф бозӣ медоронд. Саг алағда шуда, қафо мегашт ва боз якбора ҳуҷум меовард, вай ҷинӣ гашта буд. Духтарча аз модараш пеш гузашта, рў-рўи суфа ба дари хона наздик шуд. Модар дарро оҳиста кушода даромад, вале дар беруни дар саг нўги асои ўро медошт. Ў асояшро аз даҳони саг кашида гирифт, дари даҳлез пўшида шуд. Ҳавои гарми даҳлез лаҳзае нафаси онҳоро гардонд. Ў халта ба замин гузошта, дами дар нишаст ва оҳиста дари дарунро кушода «Канӣ, хайр бикун» гуфт. Духтарча ду чашм ба дар дошт, то соҳиба чӣ барорад.
— Эҳ, холаи Чинӣ, вай мардаки маст духтари калониатонро доштааст мегўянд, рост аст? – гўё ки хабар овардани Чиниро интизор бошад, бо як нафас пурсид.
— Садқат бишам, дар пеши ин духтарча ин гапҳоро напурс, хайр бикун.
— Хайр, бигўй, ки рост аст?
Духтарак сар ба зер афканд, баъд зери чашм ба соҳибаи хона нигарист ва баргашта ба модараш зеҳн монд. Чизе гуфтан хост, натавонист. Лабонаш ларзиданд, биниаш фарох шуд...
— Холаи Чинӣ, вай гуфтааст, ки беҳуда дар ба дар нагард, биё худам пул медиҳам, зиндагиат хуш мегузарад, рост аст?
— Э-э, тоза ҳам фач будӣ, садақаат сарата хўрад!
— Ҳой ист, холаи Чинӣ, ист, ман шўхӣ кардам, ҳозир садақа мебарорам...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё