Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

гуфта ўро дошта зад, Норҷон рост омада ба Чинӣ арз кард. Чинӣ рафта адаби келини калониро дод ва аз байн дере нагузашта Адҳам ўро пеш кард...
Бори рўзгор ба гардани Норҷон афтид.
Ў ба китф халта ва дар даст асо гирифт. Ҳангоми аввалин бор мустақил ба дарҳо рафтанаш ба ў фотиҳа дода, гуфтанд, ки агар арўси бахосият бошад, дунё серию пурӣ мешавад. Ва ин чиз аз рўзи аввал маълум буд. Вале Норҷон як чизро хуб иҷро карда натавонист. Гарчӣ Чинӣ ба ў тарзи гуфтор ва садақапурсиро ёд дода буд, талаб карда натавонист. Ў аз дарҳо даромада, «Канӣ, хайр бикун» мегуфт ва гардан каҷ карда меистод. Ин ҳолро дида одамон мегуфтанд: «Норҷон, ту ҷўгӣ нестӣ». Ў механдид ва аз як дар баромада ба дари дигар медаромад. Оне ки халтааш пури нон мешуд, хоҳарашро ёд меовард: «Зинда бошад, ё мурда, сер бошад ё гурусна». Ва чун хона хилват мекард, ба ёди ў мегирист...

3

Чинӣ боз маҷбур шуд, ки Умматқулро ҳамроҳ гирад. Ў рад кард. Чинӣ қавл дод: «То роҳрав шудани Гавҳар». Умматқул чанд вақт хоҳарашро бардошта ҳамроҳи модараш рафт. Баъд аз дасташ гирифта мерафт. Рўзе ки Гавҳар аз пагоҳ то бегоҳ ҳамроҳи модар гаштан омўхт, Умматқул мисли мард ба озодӣ баромад. Вале байни ҷўгиён ғал-мағал шуд. Худи ҳамон шаб кўч барбастанд.
Аз ҳама зиёд Худойқул дарғазаб буд. Ва Норҷон пайваста лаб мехоид, ҳазор хаёлу андеша дошт. Дигарон ҳам гўё ки азо гирифта бошанд, сархам мерафтанд. Агар бори харҳо каҷ шавад, Худойқул иллат карда, бо силтав рост мекунад ва гоҳ-гоҳе ғурунгида, ба писараш сахт менигарад, вале аз даҳшати хунукӣ бошад, ки боз лаб фурў мебандад.
«— Мо беписанд, бесоҳиб, ана барои ҳамин ин хел муомила мекунанд» – ба ғур-ғури модараш ҷавоб гардонд Умматқул ва ин гап ғазаби падарро барангехт.
— Гуфтам-ку, худи ун ҷавонмарг ягон қилиқ кардагист: ё хандидагист ё ягон чиз пурсидагист, набошад, ў ин гапро намегуфт.
— Баъд ту чӣ-да иқа моҷаро кардӣ? Гуноҳи духтарат чӣ буд? Аз гапи хунуки ту ҷудо шуда рафт, – ба шавҳараш рў овард занак.
1
— Рафт, ҳамроҳи шўш рафт, набиёд, аз додою бобом ўстар!
— Иқа бераҳм ту, Худо дили туро нарм накард.
— Худо дили маро нарм сохтан мехост, иқа овора намекард.
Онҳо дашти кушодро паймуда, ба деҳае дохил шуданд. Гўё ба сару рўй ва дастони бараҳнаашон ба ҷои тундбод як нафаси гарм

  1. Онсўтар.
пешина
аз 429
навбатӣ