Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аммо духтаҳоро хубтар бояд тарбият кард, зеро оиларо ҷўгидухтарҳо ва хўронанду пўшонанд. Вале Чинӣ дар дил аҳд кард, ки Холҷонро дар чаҳордаҳсолагиаш шў надиҳад, чунон ки дигар духтарон, аз ҷумла духтари калонии худаш ҳамин хел шуда буд ва ҳоло соҳиби ду писар аст.
Ў Холҷонро калон карда, вақте ба шавҳар доданист, ки мустақил аз дарҳо ризқу рўзӣ рўёнида тавонад. Ба ҳар ҳол ў тоҷикдухтар аст. Чинӣ ҳоло ҳам хотирҷамъ нест, ки рўзе касе пайдо шуда ин духтаракро шиносад ва ў дар бало монад. Аз ин рў дилу гурдааш тахт нест...
Тутпаз шуд. На танҳо дар тани мардуми деҳот, балки дар бадани ҷўгиён ҳам ҷон даромад. Аз рўзе, ки тут баччахўрак шуд, ҷўгиён дар таги дарахтон ҳозир гаштанд. Вале рўзе набуд, ки бе таънаю маломат баргарданд ва ё аз ягон баччае дашноме нашунаванд. Як рўз Норҷон ба ҷои садақаҷўӣ тутчинӣ рафт, Умматқул ҳамроҳ буд. Онҳо ба боғ ё ҳавлии ягон кас не, балки ба таги тути мазор омаданд. Аз байни алафҳои поймолшуда ва сангрезаҳо дар табақчаҳо тут чиданд. Ҳарчанд гушна буданд ва метавонистанд ҳама тути зери дарахт рехтаро хўранд, ин корро раво надиданд:
зеро дар боғхонаҳо пирону кўдакон аз гуруснагӣ ҷон ба лаб омада. Ягон-ягон донаҳоро пуф карда ба даҳон меандохтанд, дигар ҳамаро дар табақ ҷамъ мекарданд. Норҷон дар шину хезҳо пай бурд, ки куртаи кўтоҳ рону соқҳояшро панаҳ карда наметавонад, ба зону рафта тут мечид. Куртаи кўтоҳ дар дигар ҷо ҳам ўро хуш наомад: вақте ки Гавҳар яксола шуд, Норҷон ўро пуштора карда мегашт ва ин куртаи кўтоҳ ўро шарманда кард. Пуштро пўшад, пеш менамуд, пешро пўшад, пушт. Ва ў аз Чинӣ илтимос кард, ки ҳамин куртаи кўтоҳро вайрон карда барояш поҷома дўзад. Вале Чинӣ хоҳиши ўро рад кард: «Ту духтари калон шудаӣ, ҷиҷҷии (синаи) лучатро набояд ягон кас бинад»... Ҳамон лаҳза аз дили Чинӣ гузашт, ки духтарак шўйӣ шудааст. Аммо ба касе изҳор накард.
Ў чанд вақт таги чашм кард, вале каси бобро наёфт, то духтар ба ў диҳад, ғами бародараш Адҳамро хўрда ба болои занаш дод.
Духтарак розӣ набуд: хун гирист. Вале ба ў фаҳмонданд, ки ин ҳеҷ гап не, ҷўгимардҳо чанд зане, ки хоҳанд, мегиранд, ягон кас монеъ шуда наметавонад. Зеро на мард занҳоро мепояд, балки занҳо ўро бонӣ мекунанд, бинобар он ҳар қадар зан зиёд бошад, бурди мард. Норҷон расму русуми онҳоро намедонист, фақат як бор тўи духтари калонии Чиниро дида буд. Аз ин рў Чинӣ чанд бор таъкид кард, ки зан бояд мурдаи мардро ба калла гирад. Яъне, мард бояд мисли мурда хоб кунад, дар паҳлўяш асою халта гузоранд ва аз арўс пурсанд: «Ту ин мурда ва ин халтаю асоро қабул бикунӣ ё на?» Духтар розӣ шавад, зани он мард мегардад... Норҷон маҷбур буд, ки чунин шартро қабул кунад, зеро ба ғайр аз Чинӣ муттако ва пуштибоне надошт. Аз ин рў вақте ки палонҷаш «Ту тоҷики берўзӣ, аз куҷо омада ҳамаро соҳиб шудӣ?»

пешина
аз 429
навбатӣ