Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Бо чунин ният хест. Ба шахҳои дандонадори офтобнишин нигоҳ карда қадам зад, ки одатан дар таҳти чунин шахҳои дандонадор об мешавад ва чунин шахҳоро бурида-бурида, дандона карда ба каър рафтан кори об аст. Баччаи кўҳистонӣ ин чизро медонист, аммо барои чӣ ақлаш надавид, ки об касро ба манзил расонад – кас қад-қади об рафтан гирад, сари роҳаш ободие пайдо мешавад.
Чун ба сари бора омад, дар зер зовияеро дид, ки роҳи фуромад надошт. Дар қаър об садо медиҳад, аммо наметобад, шаввосаш аз шахҳо бармеояд. Ў тохт, рў ба нишебӣ тохт, ки дар ягон ҷо роҳи фуромад будагист: ҳоло ки қувват дошт – нав аз хоб нерў ҷамъ карда хеста буд, лабони часпакашро базўр-базўр кушода, тез-тез қадам мемонад, то ба об расад. Лаб-лаби бораи сахт хеле дур рафт, ниҳоят дур; ба ҷое, ки кўҳ ба замин ҳамвор мешуд. Аммо ў ин ҷойро диду карахт шуд ва ташнагиро ҳам фаромўш кард: дарахтҳо намоён шуданд, поёнтар деҳа метофт. Гумонаш, ки зодгоҳаш.
Аз тангно дарахтони туту зардолуву чормағз намуд, ки ин деҳаи дигар аст, зеро даҳонаи тангнои деҳаи онҳо танҳо дарахтони беду сафедор дошт, дар поёнтар чанор ва дар соҳили чап як садаи пир, ки нисфи шохон хушкида. Ба ҳар ҳол – хоҳ деҳаи худ бошад, хоҳ бегона, ў бояд пинҳон шавад. Вақти андеша нест, вай бояд худро мисли барзагови шаборўз ҳўбгардонда ба об занад; монанди саги ҷигарсўхта даруни об даромада дароз кашад, ба худ ояд, пасон ягон фикр мекардагист.
Ба лаби об расиду ҳис кард, ки пошнааш нам кашид, чунон гуворо расид, ки акнун худро ба об наандозад ҳам, мешавад...
Аввал лабонашро шуст, даҳонашро шуст, то часпаку талхиаш равад, сонӣ ба рўяш об пошида молид ва баъд пойҳояшро ба ақиб дароз карда, андаке сарнишеб, кафи дастон даруни об, фўк бар об ниҳода говкаш кард; фўк бардошту боз гузошта кафтаркаш кард. Нафасаш гашта, сар бардошт ва говсон нафас баровард.
Хест. Каме канор рафта, буни буттаи вағнич либос кашид... ба об даромад ва гўё ба худ омада, то гулў даруни об пинҳон шуд, ки касе ўро дида бошад, пасон дар паноҳи об ба андеша рафт, ки худро ба мардум намояд ё на?
IX
Зукур деҳаро шинохт: аз чанори баланд ва садаи пир деҳаро
шинохт ва дар гарданаи шахи Сафед то шом нишаст. Ҳама ҷоро
медид, аз кадом мўрӣ дуд мебаромад, муайян мекард, дорову
нодории мардумро аз дуди мўриашон мефаҳмид, вале хонаи худашон аз ин ҷо наметофт – дар паси чанори азим ва хамгашти
теппаи сурхи то назди чанор омада монда буд. Ў медонист, ки
дар паси ҳамон теппа камаре ҳаст ва поёнтар аз камар ҳавливу ҳарами падарарўсаш ва чанд ҳавлӣ дуртар – ҷониби қибла ҳавлии падараш: на ин тарафу на он тараф.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор