Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Ба ҳар ҳол ў мехост муайян кунад, ки аз ин ҳавлиҳо – аз мўрии бомҳо дуд мебарояд ё на. Гўё дар муддати набуданаш, ки дарозтар аз умр метофт, дунёву деҳа дигаргун шуда бошад, мардум нодортар гашта, охирин захира ва гарди суфраро сарф мекарда бошанд. Ў – гушна, ба назараш ҳама гушна... Ў бегоҳирўзӣ ҳам баромадани дуди мўриҳоро надид, пиндошт, ки дар деҳа касе нест. Ва чун баъди шом аз тори шах гирд гашта поён – рўи об фуромад, садои сагеро шунид ва донист, ки дар деҳа зиндагӣ ҳаст, аммо чаро ба назараш деҳа бекас тофт, сарфаҳм намеравад...
Ба деҳа фуромад, лекин намедонист, ки куҷо равад? Ба кӣ худро нишон диҳад, ба кӣ не? Сангиной дар куҷо бошад? Дар хонаи худашон ё дар хонаи падараш?... Ба ҳар ҳол ў ба аввалин девор даст гузошт ва ҳамон зайл шах шуд. Ба девори боғи касе, ки ба чашмаш намоӣ, халосӣ нест – мурдам, гуфтан гир. Зукур қиёфаи марди маълумотбозро пеши назар оварду даст аз девор бардошт, то паси девор қарор истад ва ҳамаро хобонда боғ ба боғ гузашта, ба ҳавлиашон равад. Хонаашон дар иҳотаи хонаҳои дигар буд, мисли хонаву боғи падарарўс... Ў то алвақт ҳеҷ гуна масъулиятро ҳис намекард; мурод ба деҳа расидану Сангинойро дидан буд, ҳоло метарсад; аз дидани Сангиной, аз садои сагҳо, ҳатто аз нафаси хеш метарсад, метарсад, ки нафс ўро ба бало гирифтор мекунад
– нафси шикам, нафси висоли Сангиной, аз падараш натарсад ҳам, аз модараш бояд тарсад, ки як умр падарашро барои кадом кори нохубаш таъна мезанад: барои аз колхоз шудан худдорӣ карданаш, барои назари нек надоштанаш ба сохти нав, барои худбин ва нотавонбин буданаш; ў боз ин чизро фаромўш намекунад, ки Абўмансур барои Зукурро аз сафари аскарӣ боздоштан чӣ қадар даву ғеҷ карда буд: «Ман барои ватани дигаронро ҳимоя кардан писари дар ҷанг қурбон мекардагӣ надорам» мегуфт ба занаш, аммо аз баланд гуфтани ин ҳарф метарсид – бо замонаву одамон шўхӣ карда намешавад. Беҳтар аз Абўмансур занаш ин чизҳоро мефаҳмид, аммо илоҷи ислоҳашро намедонист; ба шавҳари якрави гарданшах фаҳмонида наметавонист, ки дунё дигаргуна аст. Ба сад сухан як ҷавоб мешунид: «Дамата гир!» Вале Зукур ин ҳарфҳоро намефаҳмид. Ғур-ғуру нолаҳои модарашро медид, ғазаби падарашро медид, хито гашта, аз дар баромада рафтану баъди чанд вақт боз пайдо шудани падарро мушоҳида мекард, мўяву пинҳонӣ гиристани модарро медид, ташвиши гарони ўро пай мебурд, аммо ҳеҷ чиз намефаҳмид ва хамин ки падар пайдо шуда, дар халта ё хўрҷин чизе бардошта меомад ва сару рўи занашро сила мекард, ба Зукур «Ҳа, паҳлавон!» гуфта, даст ёзида во мехўрд, ҳамааш мегузашт: ҳам ғазаб, ҳам азоби танҳоӣ, ҳам озори кўфту захми забон ва ҳар чизе, ки ба модар сахт расида буд. Ў гумон кард, ки зиндагӣ ҳамин чиз аст, нағз дидан ҳам чунин мешавад, армонаш ин буд, ки калон шуда зан гирад, айнан монанди падараш рафтор мекунад: мезанад, мекўбад, баромада меравад ва боз омада ўро дўстдорӣ мекунад, зиндагиро идома медиҳад...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор