Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз фалак афтида бошад? Бод оварда бошад? Ё зўроварони асри сангӣ, аз рўи эҳтиёҷ, барои парастиши дармондагон, имдодталабони дардҳои рўҳӣ, безурётон ба ин ҷо оварда бошанд, ки чортарку чортарош ва мисли олам шашҷиҳат буд ва агар кас ба диққат нигарад, дармеёфт, ки касе онро наоварда, балки худаш монанди замбўруғ аз замин рустааст – пояаш бар замин. Бар ин санг танҳо тортанаквор хазида баромадан рост меомад. Ў баромад ва дар зери пардаи тираи шом ҳамон ҳайвони безеби нафратоварро ҷўё шуд, ки андаке пеш – вақти ба харсанг хазида баромадан ҳазор ранг тофта буд; ҳазорпо, ҳафтсар, мисли аждар даҳонкалони думкўтоҳ ва монанди мори печон дароз, ки ба як сар боло кардан тори санг мерасад: «Худоё, санг гардон маро!» Рост истода, ба ҷониби офтоби ғуруб рў овард. Аз ғор ҳам даҳшатовар аст ин санг, аз дўзах батар ин тали биёбонмонанд.
Ва ў дид, ки имдоде намерасад, нишаст ва бори дигар атрофро аз назар гузаронд, ки чӣ махлуқҳои безеб мебинад, аммо ҳеҷ ҷиз надид. Баъд дар дил гуфт, ки мадади Худо аз ин зиёд намешавад, ки дар чунин мавзеъ барои ў тахти сангӣ муҳайё кунад. Вале ба чунин андешаҳо низ тасаллӣ намеёфт, хавф дошт, ки ана-ана ё аждар мепаррад, ё мор мепечад, ё аз даҳони ҳафтсар оташи оламсўз баромада, бо тахти сангӣ якҷоя месўзонад. Баъд ҳамаи онҳо гум шуда, Ваҳшӣ пеши назар пайдо гашт ва ҳарчанд зўр мезад, ки тори тахт барояд, пойҳояш гирифта, чангак зада, баромада наметавонист, аммо маълум набуд, ки ў барои чӣ талвосаи тори санг баромадан мекунад; ўро аз он тахт афканда худ нишастан мехоҳад ва ё ўро дастгир карда танбеҳашро медиҳад. Барои чӣ? Барои он ки ўро Абўшукур гумон карда қасдан номи худро Абўшукур гуфта буд? Намедонад. Нафаҳмид, ки барои чӣ? Ба ҳар ҳол Зукур гумон мекунад, ки Абўшукур худи ҳамон Ваҳшист. Мисли маймун нигоҳ мекунад ба одам – аз зери абрўи барҷаставу барроқаш ва лаб меҷунбонад, ки чӣ гуфтанашро кас намефаҳмад...
... Ў бедор шуда зери пояш тахтасангеро дид, ки фақат як тарафаш аз замин ду ваҷаб боло буд ва ҷониби адир ба замин фурўрафта, андаке дуртар сой ҳаст ва чунон ки шаб ба назараш менамуд, мавзеъ ба биёбон намемонад, балки сойчаест. Ҳайрон шуд, чашм пўшида кушод, ҳамин тахтасангу ҳамин сойчаро дид, ба атроф нигариста дар шигифт монд, ки ўро аз он тахти баланди сангӣ кӣ бар ин тахтасанг оварда бошад?... Рўяшро кафмол кард ва чашмонашро муштмол. Рўй ба пас овард, ки офтоб сар мезанад аз паси кўҳҳо. Кўҳҳою кўҳҳо! Ў то гуреза шуданаш гумон мекард, ки кўҳ кўҳи пушти боғ ва кўҳи рў ба рўст, ки дерёз – то чиллаи тобистон дар каҷиҳо барф дорад, вале гумон надошт, ки аз паси кўҳ ин қадар кўҳҳо ҳастанд... Лабонаш ба ҳам часпида ва даҳонаш талх буд – талх даҳонаш, ки тамоми шаб бодоми талхак хўрда бошад. Об хост, то лабу даҳонашро шўяд, баъд пеши Сангиной равад...

пешина
аз 429
навбатӣ