Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чӣ хел ин ҳилларо ёфтам? Чӣ хел забони ман якбора аз гуфтор монд?...» Хаёли ў бурида шуд, чашмаш ба як сиёҳии муҳаррике афтид, ки аз жарфно он тараф башитоб фарозро мебаромад ва қариб, ки метохт. «Бало зад корро... Ақаллан медонистам, ки ў кӣ буд? Абўшукур, Абўзукур... Авлод барин.»
Аз дил гузаронд ў ва ҳамон зайл хаёлаш ба дунболи Зукур рафт, нигоҳ наканда, медид, ки чӣ гуна кўҳҳои зиёдро, қуллаҳои пасту баланди паёпайро гузашта, ба деҳа расида, бар фарқи сари деҳа
– болои шахи сафед истода, ба мардум даст мегардонад ва бо овози баланд мегўяд: «Ёфтам! Кушандаи Абўшукурро ёфтам!»
Ва ҳама мефаҳманд, ки Абўшукур гурехта ба мамлакатҳои ғайр нарафтааст, балки ўро кушта будаанд... Ин ба назари Ваҳшӣ менамуд, аммо дар асл чунин шуданаш имкон надошт; худро ба мардум намуданаш ноимкон буд ва ҳоло намедонист, ки роҳи деҳа кадом аст. Гурехтанаш – аниқ баробари аз номи Абушукур тарсидани Ваҳшӣ ў низ тарсид ва гурехт. Қулларо хам хўрд; аз як қулла гузашт, аз ду қулла гузашт, аз чандин силсилакўҳ гузашт ва чӣ зайле ки Ваҳшӣ хаёл карда буд – рафтан гирифт, аммо он рўз ба ҷое нарасид. Боз камарӣ шуд ва думбаи хўрдааш то рўзи дигар қувват дод.
Зукур пай бурд, ки пошнаи чоруқаш суда шуда, андак резасанг, хор, замини регзори сахт озораш диҳанд ва дерёз бо чунин пойафзол гашта натавонад – ё мисли Ваҳшӣ ба пояш пўсти ҳайвон мепечондагӣ мешавад ва ё ҳаёти ҳайвонӣ ба дилаш зада, рафта таслим мегардад – як умр аз марг гурехта нашавад. Дар асл ў аз марг намегурехт, балки ба пешвозаш мерафт. Баъзан рў ба рў меомад, нафаси ҷонгудози онро хис мекард, сонӣ мегурехт ва бо ҳамин худро тасаллӣ медод, ки аз марг гурехт, ҷонашро халос кард...
Имшаб дар ҷое манзил гирифт, ки на танҳо хўрданӣ надошт, балки нўшиданӣ ҳам набуд – дар кўҳдомани ба биёбон монанд, ки канор доштани он ба назар намерасад: ё аз барои он ки дар хамӣ ҷой гирифта ва ё аз он ки беҳад шалпару бефара гашта буд.
Ў чанд рўз боз ҳамин қадар донад, ки офтоб аз куҷо тулўъ кунаду ба куҷо ғуруб, аммо надонад, ки худ дар куҷосту деҳа дар кадом самт аст. Ва акнун пушаймон, ки барои чӣ аз ғор баромад, чаро Ваҳшӣ гурехт... Деҳа пеши назараш меояд ва ў худро пушти боғ дида, фарёд мезанад: «Ман омадам!» ва боз баландтар дод зада, сабаби омаданашро гуфта шодӣ ҳам мекунад, ки гуноҳе надошта бошад. Гўё пушти боғ баромада хабари хуш овардааст: «Ман бобомро дидам! Бобои Абўшукурамро дидам! Дар ғори Амбал!
Ваҳшӣ шудагӣ!» Баъд?...
Ў аз кадом ҷонвари бадҳайбати дағал тарсида, тортанаквор часпида тори харсанг баромад, ба харсанге, ки ақли одамӣ намерасид, ки он дар ҷои бешаху кўҳ – дар тали кўҳпораҳо аз куҷо омада бошад?

пешина
аз 429
навбатӣ