Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

VIII
Ғаддор баъд Ваҳшӣ шуд: ба назари Зукур Вахшӣ шуд. Номи Абўшукурро шунида ҳама воқеаву қиссаҳо дар назараш зинда шуд; тарсида, ҳаросида, худро ба торикии ғор ҷо кард, ки боз рўҳи ў пайдо шудааст. Якто буданд, дуто шуданд: гурбаи сиёҳ ин рўҳ. Вай намехост, ки Одам ё рўҳ забон доштани ўро донад, вагарна асрору воқеаҳое, ки миёни ин солҳо – аз гўронидани Абўшукур то имрўз, гузашт, мегуфт, ҳикоят мекард... Ҳамааш паси сар шуд: гўр кўҳна гашт, ба рўяш сабза дамид, туғи ба сари хода бардошта аз боду борону офтоб фит гашта, афтода, танҳо гиреҳи чилбур дар банди хода боқист, ки он ҳам фарсуда гашта, ба дошти гиреҳи қолабгирифта меистад, вагарна баробари гиреҳро кушодан хокистаросо мерезад. Бел ҳам зангзада, ки бо он гоҳ-гоҳ хокистари афзудаи оташдонро бароварда мерезад ва барфи дари ғорро бар мезанад.
Ў як вақтҳо ният карда буд, ки гандуми аз Абўшукур мондаро дар ягон қитъаи замин мекорад – побел мекунаду мекорад ва аз як дон чанд дон мегирад, боиси зиндагӣ мешавад. Аммо тарсид.
Бересмон худамро баста медиҳам, гуфта тарсид. Бе ҳамин ҳам ўро ёфтанд, акнун аз сад ҷон як ҷонаш халос намехўрад.
— Ман – Абўзукур!... Зукур! Зукур! Зукур! – ислоҳ карданӣ шуд ў ва қасдан се бор такрор кард, ки фаҳмад ва афзуд: – Зуу-ку-ур!
Аммо Ваҳшӣ бовар накард: доми тазвир донист ва торафт дар пешгаҳ ҷо шуд; пояш ёзида фурў мешуд ва аз шахча кадом помонакро меҷуст ва дасташ ба сари шахча мерафт, ки дастдорак дошт
– ҳамин зайл ў шорида, морсурат ба хафоле ҷой шудан мехост, ки ба ҷуфти гов баста кашанд ҳам, набарояд. Вале ҳарфи Одам дудила кардаш – намедонист, ки пойи ба кома мондаро баргирифта боло барояд ва ё то комаи дигар фурў равад. Дергоҳ мисли кўршапарак часпида истод. Пасон боло шуда, сари по нишаст ва ба Одам нигарист, ки чӣ зайл бо таассуф сар меафшонад... Одам сар афшонду берун рафт... Баъдтар Ваҳшӣ аз паси ў ба даҳонаи ғор омад ва афсўс хўрд, ки на тир дораду на камон; «Ин одам беҳуда ин ҷо намеояд.» Қарор буд чунин андеша. Ва ў гўё ки тела дода аз ғор бароварда бошанд, яктоз назди гўр рафт, касеро надида, бозистод. Ба назараш гўр бо мурури замон фурў рафта, хокаш сахт шуда, мисли як тани кўрпапеч баланд аст. Ришак кашид ў, аммо надонист, ки барои чӣ? Одатан барои таҳдид ва ё ситонидани қасос чунин ришак мекашанд; ў ба қабр нигоҳ карда ришак кашид, ки ўро аз гўр бароварда, аз сари нав азоби гўрро нишон медиҳад. «Чаро худдорӣ карда натавонистам? Чаро ошкор кардам, ки Абўшукурро медонам? Пай бурд, ки ман ўро дидаам?.. Ҳа-а, баргашта ояд, як рўз не, як рўз соҳиби ин гўрро мепурсад ва...
шукр, ки забон надорам, шукр, ки ишора кунам ҳам, номро ифода карда наметавонам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор