Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Ду-се зоғ беқарорӣ доштанд; аз ин тараф ба он тарафи гўр меҷаҳиданд, фазо каргасрез шуд... Бозиву давр гаштанҳои каргасҳо ба Ғаддор хуш наомад, агарчӣ ҳавас дошт, онҳо мурдаи Абўшукурро хўранд. Нафрат кард ин паррандагони ҳаромхўрро ва зоғони ҳамлуқмаро... ва бел аз даҳонаи ғор гирифта, ҷониби гўр равон шуд. Зоғон баробари ўро дидан парида, болои жарфно рафтанд, вале каргасҳо ҳоло ҳам дар тори ҳаво ҷувозак мегаштанд... Мурдаву гўр дар ҷояш, як бари чакман аз хок берун, гўё дасте аз хок берун аст... Акнун хоки боқимондаро партофта, гўрро ба шакл даровардан лозим аст.
Ва Ғаддор ин корро баъд кард – баъде ки лаби об фаромада, дасту рўй шуста омад: ў лаби об нишаста ба об даст заданӣ буд, ки сурати худро дар об дид: дар оби тобасанги ба шакли корсон омада, ки мисли оинаи осмон соф буду ором, на аз парвози каргасҳо меларзиду на аз мағали зоғон. Ў худро диду нашинохт:
сару рўи чиркин, манаҳи пашмин, ки аз рўзи мавлуд рўи собуну шонаро надида бошад, обро ифлос кард, оинаи тозаро хира гардонд; ў дарёфт, ки чӣ кас аст. Ҳатто ба Абўшукур монанд не, аз вай ҳам ваҳшитар, хунуктар... Худро пас кашид, то чунин суратро набинад, обро ифлос накунад... Дастонашро хуб шуст, доғҳои хунро ба санг соиду молид, сангҳои хорову дағал пўсти дастонашро тарошиданд; ба рўй об пошид, ба сар об рехту молид, ба назараш, ҳама гуноҳашро шуста, аз нав ба оби корсонсанг зеҳн монд. Боз ҳамон симои хунук, чашмони камнури беимон, боз ҳамон нигоҳи ҳайвонӣ. Чашм пўшид, сар афшонд. Оби мўю риш пош хўрданд, сураташ дар об гум шуд. Боз нигарист, ин дафъа сурати бадҳайаташ аз қаъри об чунон пурхашм нигоҳ кард, ки гумонаш Абўшукур буд. Туф кард ба ғазаб ба оби корсонсанг ва бори дигар Абўшукурро кушт... Вале ҳамин ки дуроҳаро тоб хўрда, сари гўр омад, Абўшукурро дид: Абўшукур аз будаш ҳам бузургтар – ҳайкали баланд шуда, даҳони ғорро мегирифт. «Не-ее!!!» фарёд зад ў ва кўҳҳо ба сараш гирд гаштанд, афтиданӣ шуду наафтид. Барқе ба майнааш зада, аз дилаш гузашт, ўро боздошт.
«Абўшукур мурдааст, ўро худаш куштааст...»
Ба даҳонаи ғор нигоҳ карда, хаёл, асабу воҳима буданашро дарёфт, бо дастони тар чашмон пок кард: «Худоё, ба чӣ рўз афтодам?» Нишаст. Ба рўи сабзаи канори пайроҳа нишаст ва дурудароз ба гўр зеҳн монд, вале як гўшаи чашмаш ба даҳони ғор буд. «Туф-туф, сеҳр дорад ин ғор». Хеле нишаст, ҳама айбро ба гумон бор кард, ба хаёлу дилу гурдаи сусташ бор кард, сонӣ дил қавӣ дошта, бархост.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор