Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

На, бояд равад, то даме осуда бошад, аз гўр, аз ин гўри калони даҳоняла дур бошад, вагарна бало мешавад ба сараш ин гўр. Аз ғайб задани ў парешон шуда, ҷустуҷўй карда меоянд ва...
Ва ҷустуҷўй карда омаданд: як тўдаи машъалбадаст, монанди тоифаи кўчманчиён ғалмағал карда, аз жарфно боло шуданд ва сари қабри тозаву нимпўш истода, ҳайратзада машварат карданд.
Хокро бо чанголашон сагвор ба пушт пош доданд, мурдаро бароварда, шинохта, доду фарёд заданд; машъал дошта, ба ғор даромаданд, ўро ҷунбонданд, бардоштанд, афшонданд, бедор нашуд.
Як пирамарди салладори сафедриш маслиҳат дод, ки бардошта аз ғор барорандаш... Ўро назди қабр бурданд. Абўшукурро аз гўр бароварда, аз чўбҳо дастак сохта, мурдаи Абўшукурро бар он хобонданд ва Ғаддорро дар гўри Абўшукур ниҳоданд, ки пойҳои шахшудааш ёзида, дар гўр қолаб гирифт. Як-ду бел хокро ба тораш партофта буданд, ки парида хест... Пасон ба гардани ў каманд андохта, ба дасти як одами хароби мурданӣ доданд, ки дошта истад. Ғаддор шод шуд, ки аз дасти ин одами нимҷон ҳар вақт гурехтан мумкин аст. Дастакро бардоштанд ва дасту ба даст карда, ҷониби жарфно нишеб шуданд. Одами нимҷон аз пас ва Ғаддор аз паи ў сарозер рафтанд. Ғаддор ҳар гоҳ истода, гардан мекашид, ки раҳо ёфта гурезад. Одами нимҷон чунон медошт, ки бо майли тамом Ғаддор пеш мерафт. Сонӣ ў саг шуд, саги гарданбастаи тарғил, ки пеши назари худаш туллак карда, мўяш ҷо-ҷо рехта, ба касалии гаргин мубтало гашт ва чаҳор дасту пой ба замин тир кард, то пеш наравад. Одами нимҷон пас гашта, саги гаргинро дид, ки саркашӣ мекунад, дод зада онро сар дод.
Саг гурехта боло баромад ва ресмон дар гардан пайроҳаи тори ғорро рост шуд. Ҳама рў ба пас тофта, гиребон медоштанд. Саги гаргин рафту рафт, гиреҳи ресмон миёни ду санг дар монда, ўро боздошт ва ҳарчанд саг зўр мезад, раҳо намешуд, балки ҳалқа танг омада, нафасгардонаш мекард.
Ғаддор нафастанг шуда, аз ҳаяҷони зиёд парида хест ва пай бурд, ки чӣ хел дилаш сахт-сахт мезанад ва шукр дошт, ки рўз шудааст...
...Ў ҳоло ҳам карахт буд, вале намедонист, ки карахтиаш аз чист? Аз тарс медонист, аз камхобӣ медонист ва аз он, ки дўш пуршиддат кор кард. Ба худ намеомад, бовар намекард, ки ба рўз расида бошад... Ҳоло ҳам тарс дошт, ҳоло ҳам ваҳму ҳарос мўросо зери пўсташ медавад,.. Ва ҳамин ки каме ба худ омада дастонашро хунину хоколуд дид, дарёфт, ки ин қадар хобҳои мағшуш ва бад аз дастони ношуста будааст...
Ёдаш омад, ки кораш нимбуд монд – хоки гўр напартофта.
Аҷаб не кафторе, гўркобе ин мурдаи рўяк дафн кардаро аз гўр кашида, хўрда бошад... Як бари рўву як чашмро аз ҷойи Абўшукурро нишон гирифтааш бароварда, сўи гўр нигарист.

пешина
аз 429
навбатӣ