Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Сар меафшонад, садо лаҳзае гум шаваду боз пайдо гардад ва ў надонад чӣ кор карданро. Пештар мелағзад ў – ба миёни ғор, ки садо аз мағзи санг меомада бошад; нафасҳои Абўшукур андар санг ҷо шуда, акнун барои тарсондани ў – барои қасос гирифтан берун меояд; «Рўҳаш!» дили ў фарёд мезанад, вале дар ғор хомўшӣ. «Худоё, имшаб чӣ хел рўз мешуда бошад?» ҳамин қадар аз худ пурсид ў, зеро садои нафаскашии шум, воҳимаи тоқатфарсо намегузошт, ки ў фикр кунаду андешад. Ҷои фикр ҳам набуд, ҷои андеша ҳам, аз воҳима раҳо ёфтан лозим меомад. Ў хост аз ин ғори даҳшатзо ҷаста берун равад ва сари гўри тоза нишаста нафиру шеван кунад, бахшиш пурсад ва пушаймонии худро зоҳир гардонад, ки чаро ин хел шуд? Чаро аз чунин ҳамроҳи ҳамрой ҷудо гашт? Ў гумон карда буд, ки имшаб низ мисли шабҳои дигар, ки дар набудани Абўшукур мехобид, мегузарад; имшаб низ андаке хаёл мекунад, гузаштаро пеши назар меорад, тону нотон аз орзуву омол афсона мебофад ва бо ҳамон қаноат карда, шабро саҳар мегардонад ва баъди андаке худро фиреб додан хобаш мебараду ўро ё равшанӣ бедор мекунад ва ё садои паррандаву ҷонварони шах ё худ чунон ки баъзан мешавад, хобҳои даҳшатангез ё тарс. Аммо ў фиреб медиҳам, гуфта, фиреб хўрд: назди гўр ҳам рафта наметавонад – метарсад, ки рўҳи сайёри даруни ғор дунболагир сари қабр рафта, ба шакли Абўшукур гашта, як шаппотӣ ба баногўшаш мезанад ва рўяш як умр сиёҳ мегардад...
Набаромад. Аз тарс набаромад. Вале дар ин ҷо аҳволаш беҳ набуд. Акнун дастмурўсак, пўстакро пайдо карда, рўи он сагвор ҳалқа задан мехост, ки то саҳар хоҳ хезад – хоҳ на. Буд-набуд, умеди зиндагӣ нест. Вале чун самти ғорро гум карда, даст ёзида, чорпой мерафт, дар дасташ хор омад – хори сари оташдон. Аз заҳри неши хор каме ба худ омада, дарёфт, ки ба ошдон наздик шудааст, вале намедонист, ки пўстак дар чап аст ё дар рост ва боз даст-даст карда ба чизи нарм вохўрд ва донист, ки хокистар аст, пўстак ба дасти рост. Пайдо кард. Гумонаш буд, ки аз хастагӣ баробари пўстакро пайдо кардан дароз кашида хобаш мебарад ва ҳама азобу ҳаросҳо паси сар мешаванд... Дароз кашид рўи пўстак. Аммо хобаш набурд. Ҷома ба сар кашида кулча зад, то чизеро нашунавад. Ва акнун хаёле ба худ омада, аҳд кард, ки ҳар садое ояд, нашунавад – чунон вонамуд кунад, ки кар аст; ҳар чизе пеш ояд, набинад, пиндорад, ки кўр аст: аз ҷомааш дошта кашанд, наҷунбад, кўбанд, нахезад, то донанд, ки мурда аст; ҳатто гурбаи сиёҳ пои аз ҷома берун мондаашро лахт-лахт канда хўрад ҳам, пишт нагўяд... То саҳар расад, ягон фикр мекунад... Оҳистаоҳиста фикраш ба дигар тарафҳо мерафт ва кам-кам тарсу ҳаросро фаромўш мекард, андеша дошт, ки рўз расад, хоки мондаро рўи гўр мекашад, баланд мекунад ва...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор