Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Вале ў бисёр мехоҳад, ки чашмони уқобии ўро кофта, бинад – дами ғор истода бинад, ки зоғон, лошахўрон чӣ хел нўл зада, мардумаки чашми ўро кафонда, кашида гирифта, ба ҷои дур бурда, мехўранд... Ба назараш мурда ҷунбид ва ў ҷаста хест.
Бод будааст; куртаашро ҷунбонд, мўйҳояшро афшонд. Ў боз ба андеша рафт, ки лаби об барад ҳам, ба жарфно андозад ҳам, ҳар рўз хоҳ-нохоҳ рафта хабар мегирад ва барояш хеле нохуш метобад – хубаш, гўр кунад.
Ба ҷои андаке комашуда белро монда, бо пой сахт пахш кард, ки фурў рафт, аз зераш рег баромад. Бел заду бел зад, реги нарм корашро осон кард. Хеле кофт: ду қади бел дарозу ним қади бел
– бар. Сонӣ ба чашм андоза кард, ки мурда дар гўр меғунҷад ё не? «Меғунҷад»! Ва акнун ғами он буд, ки чӣ зайл ўро чунон ки ҳаст, рўболо хобонад. Ба бардоштан зўраш нарасад. Бояд кашола кунад...
Боз ба чашми офтоб нигарист, ки сари кўҳи дур рафта буд ва сояи шах ана-ана ҳама ҷоро фаро мегирифт. Саросема шуд:
мурдаро кашола кард – аз пояш кашида, лаби гўр овард, аз зери манаҳаш даст дароварда ҷониби қабр кашид. Зўр мезад, ба назар, сари майитро канданӣ буд... Аз зери шонаҳояш дошта бардошта, кашид... ҳам аз ҳарос, ҳам аз зўр зада бардоштан, ҳам аз тарси мурда ва ҳам аз андешаҳои зиёд…(ҷавобгарӣ) аз сару рўяш арақ шорид – ҳарчанд ки пеш аз ин – гоҳи кандани гўр ҳама оби танаш арақ шуда, рехта буд; инак гўё худаш об мешуд. Зўр заду зўр: нахуст пойҳояшро нишеб кард, сонӣ тану сарашро ва рост хобонд.
Дартоз рафта чакман оварда ба рўяш партофт ва саросема ба болояш хок гардонд, боз дартоз рафта камонро низ оварда паҳлўяш гузошт ва хок партофт. Хокпўш кард. Офтоб фурў рафт, дар як лаҳза торик шуд, Надонист, ки дар ҳақикат торик шуд ва ё пеши чашмонаш ҳамин хел тофт... Гумонаш хун гирифт чашмашро.
Ваҳм кард... Ба ғор рафт...
Ба худ омад, ба карда сарфаҳм рафт. То ҳол ҳама бозӣ метофт.
Акнун кори ношуданиро эҳсос кард; дарёфт, ки аз барои чунин кор ин ҷо наомада буд, аз ҳабсхона нагурехта буд... Ниҳоят тор буд ғор, ҳеҷ гоҳ чунин торик набуд. Ҳатто даст ҳам ба ў чашм шуда наметавонад, чунон ки ба кўрон. Ва аз фишору ҳаяҷони имрўза чунин шуд: вақти торик гаштани ҳаво гумон кард, ки мурда хокро бардошта мехезад ва дунбола мегирад; аз ин рў чунин шуд.
Чашмаш «нобино», аммо гўшаш шунаво буд – ҳар садоро ба зудӣ дошта мегирифт ва ҳатто муайян мекард, ки садои чист, аз куҷо ба куҷо меравад, вале садое, ки дар мағзи сараш ҷо гашта буд, фаҳмида наметавонист, ки аз куҷост. Ҳамин қадар дарёфт, ки садои нафаскашист; дар бехи гўши ў садо диҳад – нафаскашии Абўшукур. Равшан шунида мешавад ва ў даст меёзад, ки даҳону бинии нафаскаши ўро дорад, ба дасташ ҳаво меояд; боз вазнашро ақибтар андохта, даст меёзад, дасташ ба девори сангӣ мехўрад ва яқин мекунад, ки касе нест.

пешина
аз 429
навбатӣ