Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

VII

...Акнун Ғаддор фаҳмид, ки чаро Абўшукур ба ғор бел оварда будааст. Чанд бор дид, ки барои барфро тоза ва то лаби об роҳ кардан ва яхро шикаста, об гирифтан кор додааст, вале бе бел ҳам ин корро кардан имкон дорад, аммо бе бел гўр кофта намешавад.
Ва ў қоил, ки чӣ қадар дурандеш будааст Абўшукур.
Ў белро гирифта назди мурда рафт ва дид кард, ки дар хамгашти дуроҳа барои мурдаи Абўшукур гўр канад, зеро мурдаро паҳлў гардонда даруни гўр овардан осон буд, вагарна ин мурдаи вазнинро бардошта дуртар бурдан азоб аст. Ду-се бел хоки сахтро канду аз дил гузаронд, ки азоби гўрро мекашад ва рафту зераш шахча барояд, аз дигар ҷо кандан лозим меояд. Боз чанд бел канд ва назди мурда рафт, бо бел қадашро чен кард, ки чӣ қадар кандан лозим меояд: саҳл кам, ду бел. Бараш аҳамият надорад, кандан гирад, худаш дуруст мешавад. Баъд аз ҷои кандааш белро ду бор дароз хобонда, он сарро низ бо неши бел ишора карду санг ниҳод... Ба чашми офтоб нигарист, ки то шом ин корро анҷом дода метавонад ё на? «Шарт не ҳамин рўз гўрондан... Имшаб меҳмон шавад, нисфашро гурба хўрад, сонӣ мегўронам.» Арақи пешонӣ бо остин пок карда, як бори дигар ба мушоҳида ҷониби майит нигарист, ки намурдааст, шўхӣ мекунад, рўбоҳ! Вай монда шуда ба хашм омада буд, ки рафту ҷунбад, рост ба пешониаш дами бел зада, ду тақсим мекунад ва гўр ҳам намекунад; ҳамин зайл дар офтоб мегузорад: хоҳ хушк шавад, хоҳ пўсад. Фикр кард, ки азоби худаш мешавад; аз сад бор азоб кашидан, як бор азоб кашад, хубтар аст – агар пўсад, ҳама ҷоро бўй мегирад, беҳтараш, ки зери хок бошад – аз чашм пинҳон. Ба куштан, ки алам кам нашуд, бо гўр кардан ҳам адо нагардад.
Як қабат рўкан кард – сабзаҳои ду ангушт аз замин боло шударо бел-бел гирифта паҳлў гузошт ва хаёл кард, ки то миён канад, кофист. Лекин сангчоли таги хок ўро азоб дод – бел фурў намерафт, маҷбур, ки бо нўги бел зан-зан кунад. Андаке як тарафро кофта зери обу арақ монд ва боз мурдаи ўро ҳаром, гуфта, таҳқир кард: «Бало дар мурдаи ҳаромат! Туя кӣ гуфт, ки бо ман шўхӣ кунӣ... Шўхиат сарата хўрд...» Белро афканд қариб ба сари мурда зада буд. Сонӣ нишаст.
Ҳоло ҳам на ба раҳм, балки ба адоват ба Абўшукур менигарист, ки сабабгори ин қадар ташвиш кашиданаш, овораву саргардон шуданаш ў бошад ва боз фармуда бошад, ки маро кушу азобашро каш! Ба назараш азоб кашид; чанд ранг мурду азоб кашид; чанд хел куштанду азоб доданд – ба кор кардан мадор намонда, акнун мурда гўр накарда мемонад. Маҷбур мешавад, ки сангбаст кунад ё чимбаст... ва ё аз пояш кашола карда, ба жарфно бурда партояд, гандаду бўй гирад, вале табъи ўро хира накунад: «Инаш осонтар».

пешина
аз 429
навбатӣ