Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

фақат аз мурдан тарсанд. Акнун бинанд, ки мурдан чӣ хел шавад, куштан ба чӣ ранг аст... Тир зада як ҷондорро беҷон кардан аз дасти ҳар нохалаф ояд, вале бошарафона мурдан барои дўст ҳам, барои душман ҳам ифтихор аст. Бадтарин мурда он аст, ки аз дасту по монда, аз олами равшан рў тофта, дар ғори торик ҳайвонсурат мурад, бигандад, саг аз гўшташ ҳазар кунад...
Раъша кард тахтапушташ, тамоми танаш ларзид, ки мурданаш яқин бошад. Баъд гўё ки хоб медида бошад, пеши назараш омад, ки ҳам аз болотари шах, ҳам аз поён – аз жарфно лашкар мехазад: яке тарафдорони ў, дигаре ҳамдиёрони Абўшукур. Пеш оянд – бесилоҳ пеш оянд ва мақсадро нафаҳмида, ба ҷанг дароянд: муштзанӣ кунанд, ҷангандозӣ кунанд, дастогиребон шаванд, афтанду афкананд, хунӣ шаванду кушта. Баъд сари мурдаи Абўшукур омада, шинохта ва Ғаддори бенишонро пайдо карда, ҳайрон монанд ва бо маслиҳату машварат Абўшукурро аз нав кушанд.
Ғаддорро куштан нишон диҳанд: худи ўро аз пой ба ҳо он шахи чукка баста сарозер овезанд ва ба чашмаш нишон диҳанд, ки чӣ хел шахҳои азим пасгуна шаванд, чӣ хел одамон, пойҳояшон ба замини чаппа часпида, роҳ гарданду наафтанд, чаро осмон дар зер асту замин дар боло, чӣ хел замини азим ва кўҳҳои вазнин ба сари онон фурў нараванд... Ҳама чиз сарнагун аст, ў низ сарнагуну ба ҳоли дигарон ҳайрон... Пас ҳама хун дар сараш ҷамъ шуда, вазнин гардонад, чунон вазнин, ки кўҳҳо ин қадар вазн надоранд... хўрдааш аз даҳон ояд – нафасашро гардонда, аз даҳон барояд, аз бинӣ резад, рўдаҳо низ нишеб шаванд, чашмон косаи хун гарданд. Вале наҷосат имкон надиҳад, ки ў дод занад, имдод талабад, омурзиш пурсад ва ҳамон зайл азоб кашида худаш бимирад... Ва Ғаддор чашм кушода бинад, ки на Абўшукур, балки худи ў сарозер аст...
«Ҷазои бад – ҳамин!»
Садои тир нисбати ин садо садо нест! Пушташ, ки то алвақт раъша дошт, ба сўзиш даромад ва ў бархоста ҷониби жарфно нигарист, ба қуллаи боло нигарист, касеро надида ҳайрон монд.
«Девона нашавӣ, хуб, бачча... Лекин ин «хуни ноҳақ» ҳаққашро ситонад...» гуфт ва илоҷи зудтар аз ин «мурдаи ҳаром» халос шуданро ҷуст. Ба ҷои илоҷ дар сараш як ғавғои беҳуда пайдо шуд. Ў фарқ накард, ки ғалмағали зоғон ва ё паррандагони олам аст ва ё ғув-ғуви беҳудаи орувон?! Ба ҳар хол хушк буд, мисле ки дар як чўбкадуи бузург орувони зиёдеро ҷой карда, ташвиш ҳам медода бошанд. Тозон лаби об фуромад, то дасту рўй шуста ба худ ояд.
Лаби об фуромаду пеши назараш омад, ки ин дафъа Абўшукур кори кардаи ўро такрор мекунад; айнан мисли ў дами ғор истода, аз ҷои шинак гирифтаи ў рост ба пешониаш тир мезанад. Кадуи холӣ пош мехўраду орувонаш ҳам... Ба дуроҳа омада нигарист.
Абўшукур ҳамон зайл – рўболо мехобид...

пешина
аз 429
навбатӣ