Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Вай дур мерафт, ки гурба фуромада мурдаи Абўшукурро хўрад:
аз нўги пой хўрда-хўрда равад то тори сар ва Ғаддор баргардад, ки ҷуз устухон чизе набошад, зеро якбара кардан ва ё миёни устухонҳои назди ғор партофтани пасмонда осонтар бувад – бо нўги хода ҳам партояд онро, ба неши бел ҳам бардорад онро, бо пой ҳам задаву тела дода дур кунад онро... зеро сахт гуфта буд Абўшукур: «Худо якеи моро зан гардонад… Ту ҷавонтарӣ…» Сухан аз ин сахт нашавад ҷавонмарди баорро… Ва пеши назараш ояд, ки чӣ зайл гурбаи одамхор гардан яктарафа карда, бо дандонҳои тез гўштро хоида, аз бадан ҷудо карда, фурў барад ва аз нав вангванг карда даҳан занад – хўрда, сер шуда, ҷониби ў ғуррад; ба як шери азим бадал шавад, ба бабри хуношом табдил ёбад, юзи сиёҳ гардад ва ҷониби ў дандон тез кунад:
«Не-е-е!» фарёд занад ва баргардад, то гурба одамхўриро ёд нагирад. Дартоз назди мурда омад ў, ки якзайл мехобид. Сари сина сўрох, дастон хунолуд, гулгунқабо, лабонаш сахт ба ҳам фишурда, ки баромадани ҷонро намехоста бошад. Дар чаккаи росташ дусе тора сафедӣ афтода, ки то алвақт Ғаддор мушоҳида накарда буд, дигар мўю риш сиёҳи сиёҳ на, балки хурмоӣ метобад, лекин чашмон сиёҳ ва ҳоло сафедиаш афзуда, чашмони гўсолаи ҳароммурдаро монад. Ғаддор кўдакии хешро дарк кард ва надонист, ки бо чунин мурдаи гарону вазнин чӣ кор бикунад. Бинишаст паҳлўи мурда ва сар ба каф гирифта ба андеша рафт. Агар касе аз канор мушоҳида мекард, ба гумоне мерафт, ки писар сари мурдаи падар сўгворӣ дорад...
Ба гўшаш садои тир омад, ки дар куҷои кўҳ андармон гашта, инак раҳоӣ ёфта бошад. Сар бардошт. Гўш андохт, ки дар ҳақиқат садои тири паррондаи худаш ва ё боз касе тир андозад. Ҳама ҷо хомўш буд, ҳатто садои рўдак ҳам намеомад – онро кўҳҳо фурў бурда буданд... Ёдаш омад, ки Абўшукур тир паррондан мумкин не, гуфта буд. Ҳоло ба садои тири ў касе ҷавоб гардонд, ки боз тир андозаду онҳо ҳамдигарро пайдо кунанд. Вале садои тири бегона «пик» гуфту монд, монанди садои тири ў кўҳҳоро ба сар накашид, аз як сар то сари дигар кўҳҳо аксу танин наандохт ва дар мағзи шахҳои азим ҷой нашуд. Гўё аз даҳони мили камон баромаду ба замин рехт... Ана акнун садои тирро нишон карда оянд, мурдаи Абўшукурро ёбанд, ўро дастгир кунанд ва гуноҳаш чандкарата шавад. Пасон ўро аҷиб кушанд: гўш бурранд, дасту по ҷудо кунанд, бинӣ бурранд, чашмони нишонгирро кобанд...
не, чашмашро накобанд, балки сих халанд, мил кашанд; пўсташ кананд, намак пошанд, то сўхтанашро эҳсос кунад, ба худ ояд ва донад, ки дар олам чӣ азобҳое вуҷуд дорад, чӣ тарз инсонро ба шиканҷа кашидан мумкин аст; шиканҷа барои бадгавҳарон, баддилон ва боз барои онҳое, ки на ватанашонро ҳимоя карда тавонанд ва на обод...

пешина
аз 429
навбатӣ