Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мили камонро аз рўи шахча кашид ва хост тиррову камонро ба ҷояш бозпас гузорад, аммо дер шуда буд: Абўшукур пайдо гашт. Илоҷи ягонааш ин буд, ки боз мили камонро тори шахча гузорад ва боз нишон гирад. Ҳамин хел ҳам кард: милро гузошт, тутакро пас кашид, чашми чапро пўшид, чашми ростро тангтар кард, нигоҳашро аз нова ба қаровулак ва баъд ба синаи одам овард... Ва надонист, ки чӣ зайл кулангро пахш кард ва чӣ зарбае буд, ки ўро ба пушт афтонд; ў афтиду зуд хест – аз зарби пошнаи камон афтиду зуд хест ва дид, ки чӣ сон Абўшукур даст ба сари сина пахш карда, фишурда мешавад, дар гирди як пои хеш давр мезанад ва мисли як дарахти сафедори азим якпаҳлў меафтад... ў баробари садову зарба кар ҳам шуд. Дар кўҳ акс дода, сонӣ хомўш гаштани садоро нашунид. Кулангро пахш карданаш дар ёдаш мондааст.
Ў хест. Камонро набардошт, зеро дигар камони бетир лозим набуд. Яктоз ҷониби марди ба худ печида, ба замин афтида рафту бозистод: «Фиреб набошад? Тир нарасида, ў барои фиреб печидаву ҷондода вонамуд карда бошад – чӣ?» Оҳиста-оҳиста рафт, тарсида-тарсида рафт ва дид, ки чашмони ў кушода рўболо мехобад, осмони нилгун ва кўҳҳои сиёҳ дар оинаи чашмаш боқистанд. Вай ўро парронд, кушт, вале намедонист, ки кори хуб кард ё кори бад.
Ба куштан кушт, акнун намедонист, ки чӣ кор кунад.
Мўи сари Абўшукур тар буд, абрўвонаш низ обдор, ҳарчанд вақти ба дуроҳа расидан оби сару гарданашро бо каф пок карда ба курта мемолид, ҳоло ҳам рўю гарданаш нам дошт. Чунон ки дониста ғусл карда бошад, медониста бошад, ки мурдашў пайдо карда нашавад. Ғаддор хуб тори сари ў рост истод, сонӣ ҳамчу лошахўр сари мурдааш нишаст. Гиряд? Хандад? Ё як лагад зада аз болояш гузашта, дигар ба вай кордор нашавад, то зоғу заған хўрад? Танҳо тамошо кунад, тамошо кунад, ки чӣ зайл лошахўрон аввал чашми одамро кобанд, баъд аз зеҳи дандонҳо забонашро кашанд, пора-пора канда хўранд, пасон ҷамъ шуда, болои сари ў рез карда, як дигарро зада, тела дода, ҷангу ҷангҷол карда, гўшти тани ўро канда-канда хўранд; сер шуда, сарқут карда, нўл ба замин ё санге молида, аз гўшти ҳароми одамӣ, ки ҳаромтарин гўшт ба шумор меравад, пок карда, боз як лахт гўшт ё дил ё ҷигар ё гурда ва ё ҳаромрўдаро ба чанг оварда, парвоз карда дур раванд, то ҳаромхўрони дигар, ки то будани онҳо ҷуръати наздикшавӣ надоранд, ба рўи қафаси синаи ў савор шуда, ба гўштҳои ба устухон часпида, ба пайҳои миёни пайвандҳо монда минқор зананд, ба мағзи миёни косахонаи сар роҳ ҷўянд.
Ў пайроҳаро нишон гирифта поён рафт, ки рўи об мебурд:
нишеб шуда ба жарфно мефаромад, боз боло шуда ба кўҳи дигар баромад, вале маълум набуд, ки пайроҳа куҷо барад – барои Ғаддор бегона буд ин кўҳҳо, Ғаддор ииз бегона буд барои ин кўҳҳо.

пешина
аз 429
навбатӣ